Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр расман сари мансаби сарвари давлат омада, фармони аввали худро дар бораи бахшидани 378 нафар маҳкумшуда ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ “Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд” дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.
Дар бораи дигар ҷузъиёти фармони мазкур маълумот дода намешавад.
Соли 2017 ҳар кадоме аз маҳкумшудагон дар Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки як маротиба дар як сол аз президент бахшиши гуноҳашро дархост намояд.
Он замон Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Комиссия оид ба масоили авф дар назди Президенти кишвар содир шуд.
Тибқи муқаррароти таъсиси комиссияи авф, он мақомоти машваратӣ ва тавсиядиҳанда буда, амалисозии салоҳиятҳои конститутсионии Президенти Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили авфро таъмин менамояд.
Масъалаҳои авфи маҳкумшудагонро аз ҷониби судҳои Тоҷикистон, ҳамчунин судҳои дигар кишварҳо, ки дар Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, Президенти Тоҷикистон бар асоси пешниҳоди комиссия ҳал мекунад. Президент метавонад масъалаи авфро бевосита низ ҳал намояд”, - қайд мешавад дар замима ба фармон.
Комиссия вазифадор аст, ки дархост оид ба масъалаҳои авфро пешакӣ баррасӣ намуда, дар мавриди он ба Президент пешниҳоду тавсия ироа кунад.
Минбаъд ҳар кадоме аз маҳкумшудагон сарфи назар аз вазнинии ҷинояти содиршуда ва муҳлати таъингардида, ҳуқуқ дорад, ки дар як сол як маротиба ба номи президент дархост барои авфро пешниҳод созад. Дархост тавассути маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бо замимаи маълумотнома дар бораи рафтори ӯ, вазъи солимӣ ва вазъи оилавӣ ирсол мегардад.
Моҳи майи соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дархостҳо дар бораи бахшиши ҷазои 99 нафар шахсонеро, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, рад кард. Зикр шуда буд, ки дархости ин шахсон баъди баррасӣ бо таваҷҷуҳ ба хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо рад карда шуд.
Ҳамчунин дар ин масъала шахсияти маҳкумшудагон, андозаи зарари расонидашуда, рафтори онҳо дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва пешниҳоди Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Тоҷикистон ба инобат гирифта шуд.
Расо як сол пеш - охири моҳи октябри соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсия Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро имзо кард. Он дар нисбати зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста