Ба ҳамаи ҳайати қатории ҷузъу том ва қисмҳои низомӣ, курсантҳои муассисаҳои таълимии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, оилаҳои сарбозону афсарони ҳалокшуда ҳангоми адои қарзи ҳарбӣ аз номи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ тақдим мешаванд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, танҳо дар қисмҳои низомии Вазорат беш аз 20 ҳазор нафар сарбозон туҳфа мегиранд.
Ҳамчунин ба сарҳадбонон, сарбозони Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилӣ, воҳидҳои мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулода, бригадаи қаровулии Вазорати адлияи Тоҷикистон аз номи сарвари давлат туҳфа дода мешавад. Он аз шириниҳою мева, консерву нӯшокиҳо иборат аст.
Комиссияе, ки бо фармони вазири мудофиа таъсис дода шудааст, бояд то 30-юми декабр расонидан ва тақдими туҳфаҳои солинавиро ба ҳамаи қисмҳои низомӣ дар минтақаҳо таъмин кунад. Ҳамчунин барои сарбозону афсарон дар саросари кишвар дастурхони идона ороста мешавад.
Барои оростани дастурхони идона барои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастури сарвари давлат маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо ҷудо карда шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.