Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот Мушовири Сарвазири Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Довал Аджит, Ёрдамчии Президент – Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон Асет Исекешев, Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Марат Иманкулов, Мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуф Моид, Котиби шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев, Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Махмудзода, Муовини котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Усманов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумахон Ғиёсов иштирок карданд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/299288/203574244_5669157453154394_310785424146215299_n.jpg)
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси кунунӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба нишасти имрӯзаи сарони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзо аҳамияти калон медиҳад.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар муборизаи дастҷамъона бар зидди шиддати таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, сепаратизм, радикализми динӣ, хатарҳои афзоиши ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ метавонад дар таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои кишварҳои аъзо дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, нақши муҳим дошта бошад.
Дар мулоқот ҳамчунин ҳамкории кишварҳои аъзо дар самти таъмини амнияти боэътимоди иттилоотӣ, муборизаи муштарак бар зидди ҷиноятҳои киберӣ ва вобаста ба вазъи пандемияи короновирус масъалаҳои амнияти биологӣ ва озуқаворӣ баррасӣ карда шуд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/299288/204557499_5669157513154388_8376830725413173454_n.jpg)
Ҳамчунин, вазъи имрӯзаи низомиву сиёсии Афғонистон ва тамоюлҳои ташвишовари шиддит гирифтани он мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор дошт.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни вохӯрӣ барори кор орзу карда, бо итминон изҳор дошт, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза дар марҳилаи муҳими омодагӣ ба Саммити Душанбе дар соли 2021 пурсамар хоҳанд буд ва барои пешрафти масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хидмат хоҳанд кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Душанбе технопарки муштараки саноатии Тоҷикистону Русия сохта мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 феврали соли 2025
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста