Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи 14 апрел бо Тифлис имзошударо “Дар бораи алоқаи байнулмилалии автомобилӣ” байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Гурҷистон якдилона тасдиқ намуд.
Зери санади мазкур вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Натия Турнава ва вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим имзо гузоштанд.
Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Раҳим Бобозода зикр кард, ки имзои созишнома ба рушди минбаъдаи алоқаи автомобилӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ҷонибҳо мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, дар санад боркашонӣ бар асоси иҷозатномаҳо тибқи квота ба ҳарду самт, боркашонии транзитӣ, аз ҷумла алоқаи автомобилӣ бо кишварҳои сеюм ё аз кишвари сеюм пешбинӣ шудааст.
Ҷузъиёти масъалаҳоро ҷонибҳо ҳамасолда бар асоси созишномаи имзошуда баррасӣ ва муайян мекунанд.
Дар созишнома инчунин танзими маосили ҳуқуқии марбут ба боркашонии автомобилӣ байни ҷонибҳо зикр шудааст, ки ба боркашонҳои ҳар ду ҷониб дар ҷараёни кори онҳо кумак хоҳад кард.
Қаблан байни ҷонибҳо чунин созишнома набуд, лекин миёни Гурҷистон ва вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон варақаҳо (бланкаҳо)-и иҷозатнома ба боркашонии автомобилӣ табодул мешуд.
Гурҷистон ва Тоҷикистон дар доираи барномаи TRACECA (“Роҳи нави Абрешим”), ки ба рушди долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё равона шудааст, ҳамкорӣ мекунанд.
“Мувофиқи меъёрҳои созишнома Тоҷикистон ба роҳандозии алоқаи автомобилӣ тариқи Гурҷистон ба Туркия, инчунин истифодаи бандарҳои баҳрии Гурҷистон барои боркашонии автомобилӣ имкон пайдо мекунад”, - илова кард муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.