Рӯзи 25 ноябр гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров доир гардид.
Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни гуфтугӯ мусоҳибон қазияеро, ки 12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Русия рух дода, дар ҷараёни он шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд, муфассал баррасӣ карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин таваҷҷуҳи Сергей Лавровро ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса ва ҷазои гунаҳкорони ҷиноят ҷалб кард.
“Вазирон ба тавофуқ расиданд, ки қазияи мазкурро таҳти назорати махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия қарор диҳанд”, - зикр мегардад дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуда, доир ба баъзе масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо тамаркуз ба иҷрои карорҳои ҷаласаи Душанбегии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД табодули афкор намуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз 5 ҳазор то 6,5 ҳазор сомонӣ. Билетҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия боз гарон шуданд
Ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Батуми
Cтафилококки ошпазҳо ба заҳролудшавии 22 нафар дар Исфара боис гардид
Дар Чемпионати CAFA футболбозони тоҷик мунтахаби Қирғизистонро ҳам мағлуб карданд
Оғози парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар Маскав
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз шуд
Сокинони Тоҷикистонро минбаъд аз қатъи интиқоли барқ тибқи нақша огоҳ мекунанд
Дар Душанбе 193,5 ҳазор бех дарахт ва 13 млн адад гул шинонида мешавад
Тоҷикистон бензин ва сӯзишвории дизелиро аллакай бо рубл мехарад
Шумори муҳоҷирони ба Русия воридшуда аз рекорди 6 сол пеш зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста