Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як машварати корӣ ба муовинонаш ва раисони бархе аз шаҳру ноҳияҳо дастур додааст, ки дар панҷ соли оянда сари бунёди 500 корхонаи саноатӣ тадбир андешанд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода гуфтааст, ин корхонаҳо бо дарназаргирии захираву имкониятҳои мавҷуда бунёд карда мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бо назардошти панҷсолаи рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.
“Саноатчиёни вилоят дар соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 20 миллиарду 944,0 миллион сомонӣ расониданд ва суръати афзоиш дар сатҳи 131,3 фоизи ҳамин давраи соли 2020 таъмин гардид”,-гуфтааст, Хадамоти матбуоти раиси Суғд.
Қаблан аз намояндагии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки давоми нӯҳ моҳи соли гузашта аз 688 корхонаи фаъоли саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон 103 корхона аз кор бозмондааст. Ба далели аз кор мондани ин корхонаҳо дар ин давраи соли 2021 ба маблағи 63,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол нагардид.
Раиси вилояти Суғд роҳбарони ниҳодҳои марбута ва раисони шаҳру ноҳияҳоро муваззаф кардааст, дар соҳаи кишоварзӣ,имкониятҳо зиёданд ва бояд заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар зиёд карда шавад. Дар рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, коркарди саривақтии замин ва истифодаи тухмиҳои хушсифат бояд чораандешӣ кунанд.
Ба масъулин барои тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, омодагиҳо ба мавсими нави кишту кор, аз ҷумла кишти картошкаи барвақтӣ, истифодаи самараноки гармхонаву сардхонаҳо дастур дода шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон мулоқот кард
Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва "Настояшее Время" пас аз суҳбат бо Улфатхонум Мамадшоева
Оббандии Қирғизистон қулфинайро дар Овчӣ-Қалачаи Суғд пастсифату гаронарзиш кард
Тоҷикистону Миср мехоҳанд дар бахши хадамоти авиатсияи гражданӣ корхона таъсис диҳанд
Байни Душанбе ва Қазон хатсайри нави ҳавоӣ роҳандозӣ мешавад
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ сохта шуд
Боздошти як сокини ноҳияи Восеъ дар Хуҷанд бо гумони ғорати кардани хонаи яке аз сокинон
Дар Ӯзбекистон боз мехоҳанд Конститутсияро тағйир диҳанд
Дар Ереван низ беш аз 90 ширкаткунандаи раҳпаймоиҳои мухолифинро боздошт кардаанд
Изҳороти "Азия-Плюс" дар мавриди вазъи ВМКБ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста