Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварда, сафари кории сарвари давлат аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, нахуст дар мавзеи Кончочи ин ноҳия бо ҳузури президент Корхонаи маъдантозакунии ҶСП “ТАЛКО Голд” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, дар ин корхона ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 млн тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.

Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби  ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва ҶС “Тибет Хуаюй” 136 млн доллари амрикоӣ харҷ гардида, истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон сурат мегирад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона зиёда аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, то ин вақт дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии ин иншооти бузурги саноатӣ беш аз 2000 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ин корхона истихроҷи маъдан тариқи коркарди зеризаминӣ ва тарзи кушод сурат мегирад. То имрӯз барои истихроҷи тилло ва сурма зиёда аз 25 ҳазор метр нақб канда шудааст.

1/4

Дар қисмати тарзи кушоди кон бошад, корҳои қабаткушоӣ идома дорад. Ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ 218 ҳазору 554 метри мураббаъ ва пармагарӣ бошад, бештар аз 10 ҳазор метр иҷро карда шудааст. Аз қисмати тарзи кушоди кон дар як шабонарӯз зиёда аз 2 ҳазор тонна маьдан истихроҷ ва бо воситаи техникаю механизми зарурӣ ба коргоҳҳои ғанисозӣ интиқол дода мешавад. Ҳамзамон дар маҳалли сохтмон бо дарозии қариб 5 километр канали обгузар бунёд карда шудааст. Тариқи ин канал оби шохобҳои минтақаи Кончоч аз мавзеи корхона берун бурда мешавад, ки ин амал бо мақсади беҳдошти вазъи экологӣ ва зарар нарсидан ба табиати зебою нотакрори ин минтақаи сайёҳӣ иҷро карда шудааст.

Иншооти дигаре, ки бо мақсади беҳдошти вазъи экологии минтақа бунёд карда шуд, ин анбори нигоҳдории партовҳои коркардшуда мебошад. Ин иншоот дорои сарбанди регӣ, буда, ихроҷи партовҳоро нигоҳ медорад. Баландии садди амбори нигоҳдории партовҳо 55 метр мебошад.

Ба гуфти масъулон обҳои техникӣ дар коргоҳҳои бойгардонӣ батакрор бо тарзи занҷири сарбаста истифода мешавад ва он ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад.

Барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамару муназзами “ТАЛКО Голд” бо насби қариб 100 сутунпояи оҳанӣ аз масофаи 34 километр хати интиқоли баландшиддати неруи барқ кашида шуда, як зеристгоҳ, ки тавоноиаш 110 ба 10 киловолтро дар бар мегирад, бунёд гардидааст.

Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи конҳои Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон бунёд гардида, тибқи маълумоти масъулон захираи умумии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.