Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки барои пардохти кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) 855 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Зикр шуд, ки аз ҳисоби фонди захиравии президент ҳар кадоме аз собиқадорони боқимонда 15 ҳазор сомонӣ (тақрибан 1,2 ҳазор доллар) мегирад.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфатоҳзода рӯзи 5 май ба иштирокчиёни ҶБВ аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода кумакҳои моддии президентро супуориданд.
Дар ин маросим зикр шуд, ки аз шаҳри Турсунзода беш аз 5 ҳазор нафар ба ҷанг сафарбар шуда, зиёда аз 2,2 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои набард ба ҳалокат расиданд. Имсол 77-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро дар шаҳри Турсунзода 2 собиқадори ҷанг ва 4 коргари ақибгоҳ ҷашн гирифтанд.
Гуфта мешавад, аз шаҳри Ҳисор дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 10 ҳазор нафар иштирок карда, зиёда аз 4 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар ин шаҳр ҳоло се собиқадори ҷанг боқӣ мондаанд.
Калонсолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов, ки дар Ҳисор умр ба сар мебарад, имсол 110-солагиашро ҷашн мегирад: ӯ 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст.
Ёдрас мекунем, ки қаблан раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дода буд, ки ба ҳар кадоме аз собиқадорони муқими пойтахт 3 ҳазор сомонӣ дода шавад.
Ҳамагӣ чанд ҳафта пеш Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки то 20 апрел дар Тоҷикистон 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Ҳоло бошад, онҳо 57 нафаранд.
Соли гузашта то 20 апрел тибқи маълумоти раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ Раҳмат Қудратов, 98 нафар собиқадорон дар ҳаёт буданд.
Ду сол пеш, соли 2020 Рӯзи Ғалабаро 168 нафар собиқадорони ҷанг ҷашн гирифта буданд.
Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд
Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард
Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард
Дар Новая Москва муҳоҷирон бо посбонҳо занозанӣ карданд
Дар Олимпиадаи байнулмилалии Душанбе оид ба IT намояндагони 13 давлат иштирок мекунанд
Се тоҷикистонии бо дучарха ба ҳаҷ раҳсипоршуда ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд
Тавофуқи Тоҷикистону Русия доир ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ
Дар Тоҷикистон аз оғози сол аллакай 40 кӯдак ғарқ шуд
Дар Душанбе Retro-Auto & Retro Music Fest 2022 баргузор шуд
Cели харобиовар дар Ворух хонаву роҳҳоро вайрон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста