Дар Тоҷикистон то имрӯз, 20 апрел 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Соли гузашта, тибқи маълумоти раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ Раҳмат Қудратов собиқадорон 98 нафар буданд. Ду сол пеш, дар соли 2020 бошад, Рӯзи Ғалабаро 168 нафар собиқадорон ҷашн гирифтанд.
Калонсолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов, ки дар Ҳисор умр ба сар мебарад, имсол 110-сола мешавад: ӯ 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст.
Дар гузориши видеоии мо бо чӣ гуна 109-солагӣ ва иди Ғалабаро ҷашн гирифтани Рашид Каримов шинос шуда метавонед.
Қаҳрамони мо 4 сол дар майдонҳои набард ҷангида, барои корнамоиҳояш бо зиёда аз 30 ордену медал қадрдонӣ шудааст. Пас аз ҷанг нахуст ба ҳайси омӯзгор ва сипас муддати 30 сол ба сифати раиси колхози “Ленин”-и ноҳияи Ҳисор кор карда, аввали солҳои 80-уми қарни гузашта аз ҳамин мансаб ба нафақа баромадааст.
Ёдрас мекунем, ки дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ наздики 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангида, аз ин шумор 92 ҳазор ҳалок ва бе ному нишон шуданд,
Барои корнамоиҳо дар ҷанг ба 65 нафар зодагони Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, 15 нафар бо ордени “Шараф” ва боз 55 ҳазор кас бо ордену медалҳои дигар мукофотонида шуданд.
Ҳамасола рӯзи 9 май ва 22 июн Тоҷикистон аз иштирокчиёни ҷанг, ки соли 1941 ба ҷабҳа рафта буданд, ёд карда, хотираи онҳоро гиромӣ медорад.