Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси охири ҳукумати кишвар дар соли 2022, ки дирӯз, 29-уми декабр, баргузор гардид, ба масъулин супориш дод, ки аҳолиро бо барқу гармӣ таъмин намоянд.
Ин дастури президент дар ҳолест, ки аҳолӣ дар минтақаҳо аз бебарқӣ ва сокинони Душанбе аз мушкил дар кори шабакаҳои гармидиҳӣ ва хонаҳои сард шикоят мекунанд.
Хадамоти матбуотии президент бо нашри иттилоия навишт, ки сардори давлат, ҳамчунин, доир ба таъмини фаъолияти самарабахши иншооти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, махсусан иншооти роҳу нақлиёт, барқу алоқа ва муассисаҳои иҷтимоӣ дар фасли зимистон, таъминоти аҳолӣ ва иншооти таъйиноти гуногун бо барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти нерӯи барқ, сарфакорона истифода бурдани барқу гармӣ ва пардохти саривақтии маблағи онҳо супориш дод.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон оид ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” гузориш дод ва он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумати мамлакат ва роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати таъмини саривақтии иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 дастуру супоришҳои қатъӣ додааст.
“Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки ҷиҳати дарёфи роҳу усулҳои нави иҷрои нақшаи андоз ва буҷетӣ давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ҷалби шаҳрвандон ба меҳнати фоиданоки дастӣ, аз қабили тиллошӯйӣ дар қаламрави мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида шавад”, - гуфтааст хадамоти матбуотии президент
Зикр гардид, ки дар як давраи кӯтоҳ бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат беш аз 7 ҳазор нафар барои тиллошӯйи иҷозатнома гирифта, ба ин намуди меҳнати фоиданок ҷалб шудаанд.
Ҳамчунин, дар маҷлиси ҳукумат “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, “Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028”, “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026” ва дигар масъалаҳои рӯзнома баррасӣ гардиданд.
Гуфта мешавад, ҷаласаи дирӯза охирин маҷлиси васеи ҳукумат дар соли 2022 аст.
Моро дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК пайгирӣ кунед.
Стратеги №1 ва мушовири Президент. Ёдбуди Суҳроб Шарипов
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 январи соли 2025
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста