Имрӯз, 5-уми январ, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон оид ба анҷом додани тағйироти кадрӣ дар ҳайати ҳукумати кишвар ва сохторҳои дигари давлатӣ фармону амр ва қарорҳои ҳукуматро имзо намуд.
Ҳамин тавр, бо фармони президенти Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз вазифаи муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин карда шуд.
Қурбон Ҳакимзода, ки то ин вақт дар вазифаи раиси вилояти Хатлон фаъолият дошт, аз вазифа озод ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Ӯ дар ин маснад Саъдӣ Каримзодаро иваз намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири кишоварзӣ озод шуд, аммо маълум нест, ки ба кадом вазифа таъин гардид.
Гулнора Ҳасанзода, аз вазифаи директори Агентии омор озод ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ӯ дар ин вазифа Ширин Амонзодаро иваз кард, ки низ бо фармони президент бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардид, вале маълум нест, ки ба кадом вазифа таъин карда шуд.
Ҳамчунин, Абдуғаффор Раҳмонзода аз вазифаи муовини якум ва Нурулло Маҳмадуллозода, аз вазифаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ озод карда шуданд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, ки қаблан дар вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор карда, наздики ду сол бе кор буд, ба вазифаи директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Зафарбек Давлатзода аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод ва бо қарори ҳукумат директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ таъин карда шавад. Ӯ дар ин вазифа Холмурод Раҳмонро иваз кард, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод гардид.
Дар идомаи тағйироти кадрӣ, бо амри президент Шодмон Шокирзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Нурулло Асо таъин карда шуд.
Бо ин тартиб, бо қарори ҳукумат Маҳмадсаид Зувайдзода бо сабаби вафот аз вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон озод ва ба ҷойи ӯ Низом Мирзозода, ки қаблан дар вазифаи муовини якуми раиси ВМКБ фаъолият мекард, таъин карда шуд.
Баҳриддин Сироҷиддинзода аз вазифаи муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ба вазифаи директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар хусуси тағйироти кадрии калидӣ дар ҳайъати ҳукумат ва дигар сохторҳои давлатӣ, нимаи аввали рӯз “Азия-Плюс” бо такя ба манобеи худ, иттилоъ дода буд ва ҳамаи он тасдиқи худро ёфтанд.
Тавофуқ ҳосил шуд. Тоҷикистон дар соли 2025 ҳам ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба синамоҷашнвораи “МО” меравад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хостори барқарор кардани рафтуомад ба Русия тариқи қатораву автобус шудааст
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста