Рӯзи 8 июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” боздид намуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сарони давлатҳо дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Гуфта мешавад, сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифта,  Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баъди тамошои табиати нотакрори қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб аз манзараҳои дилкашу обҳои мусаффо ва ҳавои тоза таасуроти нек бардошт.

1/15

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои музокирот музокироти сатҳи олӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.