Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ даъват кард, ки назорат дар соҳаи меъморӣ ва сохитмон дар пойтахт пурзӯр карда шавад. Дар ин бора ӯ ба муовинони худ дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки рӯзи 12 июл доир гардид, супориш дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, зимни суханронӣ ӯ ҳамчунин ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти мавқуф гузоштан ё тӯл кашидани корҳои сохтмонии иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, роҳҳо ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ ишора кард.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/326913/Ichlosiyai-14-davati-6-2023-3.jpg)
Ӯ ҳамчунин ҷиҳати ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифат амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ, ба роҳ мондани назорат аз рўи фаъолияти фармоишгарону пудратчиён дар иншоотҳо ва риояи қоидаҳои қабули онҳо дастур супоришҳо дод.
Ғайр аз ин ба сохторҳои марбута супориш дода шуд, ки дар самти пайдо ва муайян намудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои лоиҳаҳои афзалиятнок дар самтҳои маорифу тандурустӣ, обу корезӣ, барқу гармидиҳӣ ва роҳу нақлиёт тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ шаванд.
Инчунин дастур дода шуд, ки доир ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин, оид ба таъмини амнияти санитариву экологӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои сар задани сӯхтор, таъмин намудани сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ, иваз намудани хатҳои муҳандисии куҳнаю фарсудагаштаи обу корезӣ ва гармидиҳӣ ва ҷалб намудани сармояи мустақим ҷиҳати таҷдид намудани инфрасохтори шаҳрдорӣ, аз ҷумла дар ҳудудҳои ба шаҳри Душанбе воридгашта, чораҳои амалӣ андешида шаванд.
Раиси шаҳр ҳамчунин баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои соҳавӣ ҷиҳати ба роҳ мондани вохӯриву мулоқот дар шаҳраку маҳаллаҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои номатлуби иҷтимоӣ, бахусус ҷудошавии оилаҳо, фарҳанги бегонапарастӣ, гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, риоя ва таъмини иҷрои қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон низ дар канор намонд - дастур дода шуд, ки барои ҳарчи зудтар пайвасткунии бинову иншоотҳои иловагӣ ба шабакаҳои гармидиҳанда ва захира намудани маҳсулотҳои ниёзӣ аввалия баҳри фаровонии онҳо дар бозорҳо чораҳои дахлдор андешида шаванд.
Ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини амнияти шаҳрвандон, коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳо, бартараф ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои оворагардӣ, талбандагӣ, пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор чораҳои қатъӣ андешанд.
Инчунин барои дар сатҳи сазовор пешвоз гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву ободонӣ ва дар боғҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баҳри фароғати сокинону меҳмонон дастурҳо дода шуданд.
САҲА интихоботи Тоҷикистон назорат намекунад. Ин ба раванди интихобот чӣ таъсир мерасонад?
Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон
Як зодаи Тоҷикистон дар Русия кӯдаки 11-моҳаро аз марг наҷот додааст
Қарзи “Агроинвестбонк” ва тақсими замин. Баҳсҳои соли 2024 дар Додгоҳи олии иқтисодӣ
Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кадом тарҳҳоро амалӣ кард?
Афзоиши назарраси истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон дар соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста