Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ду ҳодисаи куштори бераҳмона ба вуқӯъ пайваст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар ноҳияи Истаравшан шахсони номаълум шабона ба манзили зисти корманди нуқтаи мубодилаи асъор Шӯҳрат Ҷалолови 36-сола ворид мегарданд.
Дар саҳни ҳавлии хона тавассути зарбаҳои корд ӯ ва сипас ҳамсари Ҷалоловро, ки аз шунидани доду фарёд ба саҳни ҳавлӣ мебарояд, ба қатл мерасонанд ва 28 ҳазор маблағи пулиро бо худ мебаранд. «Аз ҷароҳатҳои бардошта Ҷалолов ва ҳамсараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», - гуфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, дар оилаи Ҷалоловҳо ду фарзанди ноболиғ тарбия меёфтанд. Аз рӯйи ин далел дар мақомоти додситонии шаҳри Истаравшан мутобиқи моддаи «Одамкушӣ»-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Зикр гардид, ки чанде қабл дар ноҳияи Спитамен ба гумони даст доштан дар қатли кӯдак сокини 43-солаи ҷамоати Тағояк Икром Ҷӯраев боздошт гардидааст. Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, боздоштшуда дар ҳолати мастӣ кӯдаки 5-солаи ҳамсояро ба дуздии пулҳои худ гумонбар дониста, ӯро ба қатл мерасонад.
Пас аз куштани кӯдак, бо мақсади пинҳон кардани ҷиноят ӯ кӯдакро ба халта андохта, ба як мавзеъи ноободи наздики деҳаи Камар бурда мепартояд. Аз рӯйи ин далел низ дар мақомоти додситонии ноҳияи Спитамен мутобиқи моддаи «Одамкушӣ»-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, далели шайъӣ – корде, ки бо он кӯдак кушта шудааст, мусодира гардидааст.
Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, тайи 7 моҳи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 22 ҳодисаи одамкушӣ (дар ҳамин давраи соли 2010 – 27 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.
Акс аз www.telegraf.od.ua
Тоҷикистон даъват кард, ки дар пасманзари биёбоншавии ҷаҳонӣ пиряхҳо ҳифз шаванд
“Беҳтарин ҳамсар” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон бо гумони даст доштан дар куштори генерали рус Игор Кириллов
Ҳизби аграрӣ ҳам барои омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ анҷуман баргузор мекунад
Кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Раиси вилояти Суғд гуфт, тафтиши ҳодисаҳо “таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат” аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Мунозираи муъмину кофир”
Тоҷикистон воридоти ғалладонаро аз Қазоқистон зиёд кард: зиёда аз 1 млн тонна дар 10 моҳ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2024
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста