Шахси бар асари фурӯрезии бино дар шаҳри Маскав фавтида шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, ахиран, тибқи иттилои мақомоти тафтишотии кишвари иқомат, шахсияти нафари фавтида ҳангоми ҳодисаи ёдшуда рӯшан гардида, он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бошандаи шаҳри Панҷакент Қушқоров Тулқин Умаралиевич (соли таваллудаш 1994) мебошад.
Ба иттилои манбаъ, ҷасади Тулқин, пагоҳ, тавассути ҳавопаймои хатсайри Москва – Хуҷанд ба Ватан фиристода хоҳад шуд.
Ҳашт нафари шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки бар асари ин ҳодиса ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд, дар ҳоли ҳозир дар шифохонаҳои гуногуни шаҳри Москва бистарианд.
Ёдрас мекунем, ки шаби 16 ба 17-уми апрели соли равон (тахминан соати 01.40) дар минтақаи ҷануби шаҳри Москва фурӯрезии биное ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 1 нафар фавтид ва беш аз 10 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Сарраёсати КҲФ дар шаҳри Маскав, фурӯрезии бинои 6-ошёна дар натиҷаи риоя накардани ҷараёни технологӣ зимни баргузор намудани корҳо оид ба бетонрезии бомҳои миёни ошёнаҳо сурат гирифтааст.
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста