Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон маълумотнома дар бораи чор нафарро, ки рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ ба дӯши онҳо вогузор шудааст, дарҷ кард.
Ҳамин тариқ дар хусуси Толиб Айёмбекови 47-сола маълумот дода мешавад, ки ӯ хизмати ҳарбиро дар вазифаи командири баталиони қисми низомии №5536 РКД ВКД ҶТ дар ВМКБ иҷро кард. Соли 2005 дар вазифаи сардори комендатураи қисми низомии №2721 дар ВМКБ ва баъдан то ин муддат сардори ситоди қисми низомии №2703 дар ВМКБ кор кард. Рутбаи ҳарбиаш “подполковник” мебошад.
Соли 2008 Прокуратураи ВМКБ нисбати Аёмбеков Т.А. бо моддаи 186 қ. 1 (бандитизм) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, онро соли 2008 бо моддаи 5 прим. КМҶ ҶТ қатъ кард.
Гурӯҳи асосии Аёмбеков Т. А. танҳо аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15-20 нафарро ташкил медиҳад.
Бо зиёда аз 40 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон алоқаҳои ҷиноӣ дорад, ки миёни онҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоятҳои Бадахшон ва Тахор мебошанд. Инчунин бо дигар гурӯҳҳои ҷиноятие, ки дар ҳудуди ИДМ фаъолият менамоянд (Федератсияи Россия ва Қирғизистон), алоқаи телефонӣ дорад.
Ба қочоқи маҳсулотҳои тамоку, сангҳои қимматбаҳо (изумруд ва рубин), яроқ, машруботи спиртӣ ва маводи мухаддир машғул аст.
Аз соли 2009 бо роҳи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сигорети тамғаи “PINE” ворид месозад.
Ба ивази маҳсулоти бо роҳи қочоқ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гирифтааш баргашта боз ба Афғонистон автомашинаҳои қимматбаҳо равона менамояд.
Дар ихтиёраш автомашинаҳои қимматбаҳои тамғаҳои хориҷии «Тойёта Ланд Крузер», «Ауди», «Хаммер», «Фолсваген», «Инфинити», «Мазда» ва дигар намуд дорад. Дар шаҳри Хоруғ якчанд хонаи истиқоматӣ дорад. Дар ҳудуди санаторияҳои табобатии «Авҷ»-и ноҳияи Ишкошим ва «Ҷелондӣ»-и ноҳияи Шуғнон меҳмонхонаи бисёрошёна сохтааст.
Хешовандони наздикаш барои амалҳои ҷиноятиаш ба ӯ кӯмак мерасонанд.
Бародараш Аёмбеков Абдуламон, бо тахаллуси «Алёша Горбун», яке аз нашъаҷаллобони машҳури солҳои 90-уми асри 20 ба ҳисоб мерафт. Соли 1994 кушта шудааст.
Дар бораи Имомназар Имомназарови 48-сола зикр мегардад, ки ӯ зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ буда, маъюби дараҷаи якум мебошад.
Соли 1994 дар рафти бетартибӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ Имомназаров И.О. аз қисми поёнии сутунмӯҳрааш тир хӯрда, ярадор гардид ва баъдан қисми поёнии баданаш тамоман аз кор баромад.
Яке аз саркардаҳои ғайрирасмии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ВМКБ ба ҳисоб рафта, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, сангҳои қимматбаҳо (изумруд ва рубин) ва силоҳи оташфишонро роҳбарӣ менамояд.
Собиқ командири саҳроии қувваҳои опозитсионӣ мебошад. Пешвои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии дорои робитаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Гурӯҳи ҷиноии Имомназаров И.О. танҳо аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 35-40 нафарро ташкил медиҳад. Бо зиёда аз 50 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкории ҷиноятӣ дорад. Миёни шаҳрвандони афғон шахсони обрӯманд, аз ҳисоби истиқоматкунандагони вилояти Бадахшони Афғонистон мебошанд, ки ӯро сарпарастӣ намуда, барои амалӣ намудани “бизнес”-и ҷиноятиаш ёрӣ мерасонанд.
Шахсони зиёде, ки Имомназаров И.О. дар фаъолияти ҷиноятиаш бо онҳо ҳамкорӣ дорад, ба гурӯҳи ҷиноятии Аёмбеков Т. А. алоқамандӣ дошта, дар бисёр мавридҳо якҷоя амал менамоянд.
Бо гурӯҳҳои ҷиноятие, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия, Қирғизистон, Эрон, Британияи Кабир ва Аморати Муттаҳидаи Араб фаъолият менамоянд, робитаҳои телефонӣ дорад.
Солҳои 2005-2008 гурӯҳи ҷиноятии Имомназаров И.О аз шахсоне, ки аз Афғонистон барои онҳо маводи нашъадор ва сангҳои қимматбаҳо мефиристоданд, қариб 300000 доллари амрикоӣ қарздор шуда буд.
Хешовандони наздикаш барои “бизнес”-и ҷиноятиаш ба ӯ кӯмак мерасонанд.
Дар шаҳри Хоруғ якчанд хонаҳои шахсӣ ва автомашинаҳои қимматбаҳои тамғаи «Тойёта Ланд Крузер», «Хаммер», «Фолсваген», инчунин автомашинаҳои боркаши тамғаи «Камаз» дорад. Дар қабати осоишгоҳи «Гармчашма»-и ноҳияи Ишкошим меҳмонхонаи «Андароб»-ро сохта, инчунин дар ҳудуди деҳаи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон меҳмонхона ва дар мкрн. УПД мағоза дорад.
Доир ба Ёдгор Мамадасламови 54-сола маълумот дода мешавад, ки ӯ собиқ қумондони қувваҳои муттаҳидаи опозитсионӣ буда, байни гурӯҳҳои ҷиноятии ВМКБ обрӯи калон дорад.
Соли 1989 бо қарори Суди шаҳри Хоруғ, бо моддаи 194 КҶ РСС Тоҷикистон (ғайриқонунӣ тайёр намудани яроқи оташфишон) ба муддати 9 моҳу 12 рӯз ба корҳои ислоҳотӣ ҷалб шудааст. Соли 2002 бо моддаи 237 КҶ ҶТ дар кофтуков эълон гардида, соли 2003 кофтуковаш қатъ карда шуд.
Солҳои 90-ум якчанд маротиба ҳаракатҳои авбошона нисбати сокинони шаҳри Хоруғ содир намудааст. Дар ҳамон солҳо дар итоати худ зиёда аз 200 нафар шахсони мусаллаҳ дошт. Назорати содирот ва воридотро дар минтақаи гумрукии ноҳияи Мурғоб ба даст гирифта, бо ёрии кормандони ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон ба қочоқи ҳаҷми калони маводи мухаддир машғул буд. Соли 1994 бо истифода аз яроқ корманди ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистонро захмӣ намудааст.
Мамадасламов Ё. Ш. саркардаи гурӯҳи муташакили ҷиноятӣ мебошад, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, сангҳои қимматбаҳо ва яроқи оташфишон дар ВМКБ машғул аст. Шумораи ин гурӯҳ зиёда аз 20 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Бо дигар гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ, ки дар минтақаи ВМКБ ва ИДМ фаъолият менамояд, робита дорад. Бо зиёда аз 40 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робитаи ҷиноятӣ дорад, ки онҳо бо гурӯҳи ҷиноятии Аёмбеков Т. ва Имомназаров Т. низ ҳамкорӣ доранд.
Дар ихтиёраш зиёда аз 10 адад нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 3 адад «КамАЗ», 5 адад автомашинаи сабукрави «БМВ», «Мерседес», «Ҷип», «ВАЗ» ва автомашинаҳои махсус барои интиқоли сӯзишворӣ. Дар минтақаи деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон меҳмонхона, нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ва мағозаҳо дорад.
Нисбат ба Мамадбоқир Мамадбоқирови 4-сола зикр мегардад, ки ӯ то соли 2007 дар вазифаи сардори яке аз комендатураҳои ноҳияи Мурғоб кор мекард. Рутбаи ҳарбии “полковник” дорад.
Соли 1986 аз ҷониби Суди ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе бо моддаи 220 қ. 2 КҶ РСС Тоҷикистон (авбошӣ) ба мӯҳлати 3 сол ба корҳои ислоҳӣ ҷалб шудааст. Соли 2008 аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 186 қ. 1 КҶ ҶТ (бандитизм) нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо сабаби ивази муҳит хамон сол парванда қатъ карда шудааст.
Соли 2008 нисбати Мамадбоқиров М. К. бо моддаи 328 қ. 2, моддаи 391 қ. 1, моддаи 237 қ. 2 ва 345 қ. 3 дар кофтуков эълон шуда, худи ҳамон сол кофтукови ӯ қатъ карда шудааст.
Бо истиқоматкунандагони вилояти Бадахшони Афғонистон робитаҳои ҷиноятӣ дорад, ки дар байнашон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошанд ва ба қочоқи воситаҳои нашъадор машғуланд.
Ба интиқоли маводҳои нашъадор ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ки алоқаҳои ҷиноятӣ дорад, машғул мебошад. Ба гурӯҳи ӯ зиёда аз 20-30 нафар ҷавонон, ки дар қисмати болоии шаҳри Хоруғ истиқомат доранд, дохил мебошанд.
Дар ихтиёри шахсиаш автомашинаи тамғаи «Тойёта Прадо», «Мерседес» ва шумораи зиёди ҳайвони калони шохдор дорад.
Акс аз радиои «Озодӣ»
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста