Бинобар сабаби ҳамлаҳо ба сафоратҳои ИМА дар як қатор кишварҳо, намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон аз амрикоиёни муқими ҷумҳурӣ даъват кард, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд.
«Ҳарчанд хавфи рух додани чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон вуҷуд надошта бошад ҳам, ба шаҳрвандони ИМА исроркорона тавсия дода мешавад, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд», - таъкид шудааст дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон.
Ин изҳорот дар робита ба ҳамлаи рӯзҳои 11, 12 ва 13-уми сентябри соли равон ба намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Либияву Миср ва Яман садо дод.
Дипломатҳо тавсия медиҳанд, ки тамоми шаҳрвандони амрикоии айни замон муқими Тоҷикистон дар реҷаи он-лайн тавассути смарт-барномаи сабти сайёҳ (STEP) ё шахсан ҳангоми «Хизматгузориҳои соатӣ» (Услуги часов)-и шаҳрвандони ИМА дар шуъбаи консулгарии Душанбе худро ба қайд гузоранд.
Дар изҳорот ҳамчунин аз шаҳрвандони ИМА даъват мешавад, ки аз ҳузур дар макони баргузории намоишҳо ва чорабиниҳои бузург худро канор гиранд.
«Хоҳишмандем, аз тамоми рӯйдодҳои маҳаллӣ, атрофиёнатон ва амнияти шахсии худ ҳамеша огоҳ бошед», - омадааст дар изҳорот.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста