Дар қаламрави ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз се ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.
Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, дар натиҷаи анҷом додани амалиётҳои махсус беш аз 75 кило маводи нашъаовар мусодира шудааст.
«Зимни задухӯрди мусаллаҳона дар ҳудуди минтақаи сарҳадии «Кокул»-и ноҳияи Фархор қочоқчиён – сокинони вилояти Тахори Афғонистон Хайрулло валади Тухтар ва Сайфулло валади Муллоназар кушта шуда, аз ҷойи ҳодиса 2 килову 600 грамм маводи мухаддири навъи героин, 8 килограмм афюн, 1 адад таппончаи тамғаи «Макаров» бо 1 тирдону 8 дона тир ва 1 адад телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира гардид», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми баргузор намудани амалиёти дигар дар ҳудуди минтақаи марзии ноҳияи Фархор бо Афғонистон аз қочоқбарон 11 кило ҳашиш ва 13 кило афюн дарёфт ва мусодира шудааст.
«Дар ҷараёни амалиёти муштараки кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ, хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони Раёсати корҳои дохилии ВМКБ дар ҳудуди деҳаи Виружаки ноҳияи Шуғнон аз қочоқбарони афғон беш аз 41 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», - афзуд сарчашмаи хабар.
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
5 технологияи дастраси офтобӣ, ки арзишашон камтар аз $300 аст
Тоҷикистон пешниҳоди Русияро ҷиҳати сохтмони неругоҳи барқи ҳастаӣ меомӯзад
Файзалӣ Идизода кист ва чаро маҳз ӯ раиси парлумон шуд?
9 моҳи таваққуфгоҳҳои музднок: натиҷаҳо ва саволҳои беохир
Дар Тоҷикистон барномаи омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ роҳандозӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста