Ҳомии ҳуқуқи Русия Николай Николаев ҳодисаи суиқасд ба ҷони собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ва феълан мухолифи ҳукумат Бахтиёр Сатториро фармоиши сиёсӣ унвон кард.
Ба гуфтаи вай, ҳанӯз рӯзи 23-юми январ ҳангоми тановули хӯроки нисфирӯзи дар қаҳвахона бо Бахтиёр Сатторӣ ва намояндаи мухолифини Русия Денис Билунов онҳоро 8 нафар афроди мусаллаҳ боздошт ва ба шуъбаи пулис бурда, ҳар кадомеро алоҳида бозпурсӣ мекунанд.
Ба эътиқоди Николаев, каме баъдтар маълум шудааст, ки кормандони пулис асосан ба Бахтиёр Сатторӣ таваҷҷуҳ дошта, аз ӯ дақиқан дар бораи муносибаташ бо мухолифини тоҷик, узвияташ дар гурӯҳу иттиҳодияҳо, интиқод аз ҳукумати Тоҷикистон дар мукотибаҳояш дар шабакаи Фейсбук ва аз ҳама муҳим – ҷой доштани амалҳо аз ҷониби ӯ оид ба сарнагун кардани сохти конститутсионии кишвари дӯст (Тоҷикистон) маълумот ҷӯё шудаанд. «Пас аз бозпурсӣ моро ба рухсатӣ доданд», - иброз доштааст вай.
Ҳомии ҳуқуқи Русия ҳамчунин изҳор намудааст, ки рӯзи ҳамла ба Сатторӣ ӯ бо журналисти тоҷик суҳбати телефонӣ доштааст. «Мо қазияи Умаралӣ Қувватови бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар фурудгоҳи Дубай (АМА) боздоштшуда, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба худи ӯ ва чанде аз асноди барнмавии рӯйи он кордоштаи журналист суҳбат доштем», - афзудааст номбурда.
Тайи солҳои ахир Бахтиёр Сатторӣ ба ҳайси сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ифои вазифа намуда, дар ҳамон ҷо шаҳрвандии Русияро соҳиб шудааст. Соли гузашта бо сабабҳои номаълум ӯ аз мансаб барканор гардида, ҳарчанд чандин маротиба ҷиҳати барқарор шуданаш дар вазифа бо мактуб ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда бошад ҳам, дигар сари мансаб барнагашт. Сипас ӯ ба сафи мухолифини тоҷик пайваста, бо пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи-24» Умаралӣ Қувватов ҳамкориро оғоз намуд.
Шоми дирӯз собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Бахтиёр Сатторӣ дар шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои зиёд аз корд ба бемористон мунтақил шуд.
Бино ба маълумоти намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Маскав, Сатторӣ ба бемористони №7-и ноҳияи Коломенскии вилояти Маскав мунтақил гардида, субҳи имрӯз ҷарроҳӣ шудааст. Ҳолати ӯро табибон хеле вазнин арзёбӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, журналист тахминан соатҳои 23 аз манзили иҷорааш барои харидани тамоку ба берун баромада, мавриди ҳуҷуми шахсони номаълум қарор гирифтааст. Ҳадаф ва сабабҳои ҳамла ба Сатторӣ алҳол мушаххас нестанд.
Қобили зикр аст, ки ахиран ҳомии ҳуқуқ Николай Николаев ҳамчунин ба сифати ҳимоятгари Умаралӣ Қувватов низ фаъолият мекунад ва маҳз ӯ шоҳиди боздошти У.Қувватов рӯзи 23-юми декабр дар фурудгоҳи Дубай аст.
Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима мешаванд
“Долони соддашудаи гумрукӣ" миёни Тоҷикистону Русия - қадаме сӯйи ИИАО?
Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп барқияи табрикотӣ ирсол кард
Аҳмади Иброҳим иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки чаро ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид
Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2: “Истиқлол”-у “Равшан” дигар имкони баромадан аз гурӯҳро надоранд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Додхоҳии пашша аз бод”
Доналд Трамп ба Кохи Сафед бармегардад
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста