Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Сино дар бораи аз ҷониби ВКД ҶТ пардохт кардани ҷубронпулӣ ба ҳамсари сокини пойтахт Сафаралӣ Санговро, ки ба қавли наздиконаш, бар асари латукӯб ва шиканҷа дар шӯъбаи милиса ба ҳалокат расида буд, бетағйир боқӣ гузошт. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 46,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор $) ҷубронпулӣ пардохт мекунад.
Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар медиҳад. Хизматрасонии ин ҳимоятгар аз ҷониби Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ройгон таъмин гардиданд.
Ба гуфтаи вай, даъвои ҷуброни моддӣ ва маънавӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ҳамсари Сангов нисбат ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ пешниҳод гардида буд. Суд тамоми далелҳои зарурии гирдовардаро баррасӣ намуда, дар бораи пардохти ҷуброн аз ҷониби вазорати мазкур дар ҳаҷми 46,5 ҳазор қарор содир кард, аммо ВКД аз пардохти ҷубронпулӣ саркашӣ намуда, аз болои қарори суд шикоят бурд.
Моҳи октябри соли 2012 ду нафар собиқ кормандони милиса, ки дар ҳодисаи марги сокини пойтахт Сафаралӣ Сангов айбдор дониста мешуданд, мавриди афв қарор гирифтанд. Нисбат ба ду тан аз собиқ кормандони фаврии ваколатдори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии ШВКД Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ бинобар сабаби истифодаи санади афв қарор содир гардид.
Мурофиаи судӣ нисбат ба собиқ кормандони фаврии ваколатдори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии ШВКД Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов моҳи июни соли гузашта оғоз гардида буд. Моҳи марти ҳамон сол онҳо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Сафаралӣ Санговро боздошт намуданд. Сафаралӣ Сангов пас аз ҳабс дар боздоштгоҳи ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ба шӯъбаи эҳёгарии беморхона мунтақил гардида, баъди чанде ба ҳалокат расид.
Наздиконаш бар ин назаранд, ки ӯ аз латукӯби кормандони милиса ба ҳалокат расидааст, вале ҷониби дигар инро рад сохта, мегӯяд, Сангов худро аз зинапояҳо ба поин афканда, худкушӣ кардааст.
Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Аз ҷумла, созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон Amnesty International ва Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон изҳороти муштараке пахш намуда, дар он аз ҳолатҳои марги Сангов изҳори нигаронӣ ва аз ҳукуматдорон таҳқиқи мӯшикофонаи ҳодисаи мазкурро талаб карда буданд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи марти соли равон суд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба пардохти ҷубронпулӣ ба маҳбуси фавтида Сафаралӣ Сангов водор кард.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста