Ҷаласаи навбатии ҳайати муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон 27-уми август дар Маскав баргузор мешавад.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласаи ҳайати муштараки ВКД-и ду кишвар масоили марбут ба ҳамохангии ду ниҳоди қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизми  байналмилалӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва гардиши ғайриконунии воситаҳои нашъаовар мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Тибқи иттилои вазорат, имрӯз вазифаи асосии ду ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ табодули иттилои муҳиму таъҷилӣ байни давлатҳо маҳсуб мешавад. Ин амал ба онҳо имкон медиҳад, ки саривақт аз амалҳои таҳдидомези ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ чораву тадбирҳо андешида шаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷараёни нишасти хабарӣ, 19-уми июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар натиҷаи панҷ амалиёти муштараки доирнамудаи кормандони ВКД-и Тоҷикистон ва Русия, аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 50 кг ҳероин мусодира карда шудааст.