Дар Дафтари Созмони Амнияти Хамкории Аврупо дар Тоҷикистон давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Назорати прекурсорҳо» барои 24 кормандони полис ва хадамоти марзбонии Афғонистон баргузор гардид.

Кормандони Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди ҳукумати ҶТ Алишер Ташрипов ва Далер Сайфуллоев ба хайси тренерон баромад карданд.

Тавре Шӯъбаи робита бо ҷомеаи ин агентӣ иттилоъ медиҳад, кормандони идораи зиддимухадиротӣ ҳамтоёни афғони худро бо «Конвенсияхои СММ оиди назорати прекурсорҳо», «Назорати прекурсорҳо дар ҶТ», «Намудҳои прекурсорҳо», «Намудҳои иҷозатнома ва шаҳодатнома барои воридоти прекурсорҳо дар ҶТ», «Рӯйихати миллии воситахои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар ҶТ»,  ва «Самти истифодаи прекурсорҳо дар ҶТ» шинос карданд. 

Кормандони Оҷонсии зиддимухадиротӣ дар давраи омӯзишӣ аз асбобҳои техникии аёнӣ истифода бурданд, ки тавассути онҳо ба иштирокдорон намудҳои прекурсоҳо, усулҳои қочок, тарзи нигоҳдорӣ, намунаи иҷозатнома ва шаҳодатномаи воридотиро нишон доданд.

Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон таъкид мекунад, ки давраи омӯзишии мазкур баҳри такмили дониш ва малакаҳои иштирокдорон дар бахши назорати прекурсорҳо равона шудааст. Ҳамчунин баргузории чунин дарсҳои омӯзишӣ барои кормандони полиси ҶИА метавонад дар самти пешгирии қочоқи прекурсорҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақши назаррас дошта бошад.