Номзад ба мансаби мири шаҳри Маскав, пешвои ҳизби муттахидаи демократии «Яблоко» Сергей Митрохин бозгашти марзбонони рус ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро пешниҳод намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳизб, дар мулоқот бо намояндагони Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони корӣ ба саволи марбут ба ҷорӣ намудани тартиби раводид бо кишварҳои узви ИДМ, Митрохин изҳор намудааст, ки ин тадбир беҳуда аст, зеро марзи Русия бо ин кишварҳо айни замон шаффоф буда, убури посгоҳҳои камшумор кори душворе нест.

«Барқарор сохтани ҳузури контингенти нерӯҳои марзбонии Русия дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ва шояд сарҳади миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро ман тадбири муҳимтар мешуморам.Барои ин аввал, дубора барқарор кардани фаъолияти марзбони рус дар сарҳад ва имзои созишнома бо Тоҷикистон дар бораи бозгашти марзбонони рус ба соҳилҳои дарёи Панҷ зарур аст», - иброз доштааст номбурда.

Ба андешаи ӯ, ҳузур надоштани чунин нерӯи низомӣ дар марз бо Афғонистон таҳдиди имконпазири бузург барои Русия аст. «Пас аз хурӯҷи нерӯҳои марзбонӣ ҳаҷми интиқоли маводи мухаддир тариқи ин марз босуръат афзуд. Соли оянда ИМА нерӯҳои низомиашро аз Афғонистон хориҷ карданист, ки метавонад ба замони қасосгирии толибон табдил ёбаду ба ҷараёни бузурги гурезагон аз ин кишвар тариқи марзҳои осиёимиёнагӣ ба Русия боис гардад. Ҳамроҳ бо гурезагон террористону дигар ҷинояткорон низ меоянд», - шарҳ додааст мавқеи худро Митрохин.