Дар иҷлосияи навбатии имрӯзаи МНМО ҶТ вакилон бидуни баррасӣ ва якдилона лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккил»-ро маъқул шумориданд.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон муовини вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқов изҳор намуд, ки «дар баробари дастовардҳо, ҷаҳонишавӣ ба мардуми ҷаҳон таҳдиду ситезаҷӯиҳои навро низ рӯйи кор овард».

«Ҷинояткории муташаккил хусусияти фаромиллӣ дар саросари ҷаҳонро касб мекунад ва даромади солонаи ҷинояткорӣ дар дунё беш аз 500 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, - зикр кард ӯ. – Бо ҳамин сабаб ва бо мақсади иҷрои барномаи давлатии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо ҷинояткорӣ, лоиҳаи қонуни мазкур таҳия шуд, ки дар он роҳ надодани намояндагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ба хизмати давлатӣ пешбинӣ шудааст».

Зимнан зикр гардид, ки дар лоиҳаи қонун ҳамчунин тадбирҳои пешгирии ҷинояткории муташаккил дар ҷумҳурӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои вазорату идораҳри дахлдор дар мубориза бо он низ пешбинӣ шудаанд. Муовини вазири адлия аз дигар ҷузиёти лоиҳаи қонун ҳарф назад.