Чанде қабл Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо роҳбарии сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати мазкур Ан Вейсин ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттили сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори Шӯъбаи Котибот оид ба давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай Сюй Чуанчун, сардори Шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди терроризм Ли Чуан, сардори Шӯъбаи ҳамин Раёсат Сюй Тсян, сардори Шӯъбаи ахборотдиҳии Департаменти бехатарии ҷамъиятӣ Чжан Яган ва афсари Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин Ван Тао иштирок намуданд.
Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бузмаков Абдураҳмон Аламшоевич, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Девонаев Сафиало Азизулоевич ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Солиева Зумрад Тухтасиновна ҳузур доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ байни ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкориҳои тарафайн баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қайд гардид, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мушатарак имконияти бештаре фароҳам хоҳад овард.
Зимни вохӯрӣ, ки хеле самимона сурат гирифт, тарафайн барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба ҳамдигар изҳори миннатдорӣ намуда қайд карданд, ки дар оянда низ чунин ҳамкориҳо тақвият хоҳанд ёфт.
Муҳлати боздошти 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус” бори шашум дароз карда шуд
“Тоҷикистон куштори бераҳмона дар Ғаззаро маҳкум мекунад”. Вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи Фаластин ва Афғонистон нигаронӣ кард
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста