Раиси ҷамоати наздимарзии Ворух Лоиқ Маҳкамов ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ намуд, ки аз қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик ба самти Исфара Қирғизистон қисмати зиёди техникаашро берун бурдааст, аммо огаҳ нест, ки оё воқеъан ҳам сохтмони роҳ қатъ шудааст ё кишвари ҳамсоя техникаро ба қитъаи дигари роҳ интиқол дода, корҳоро дар он ҷо идома медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти хабаргузории қирғизии «Кабар» бо истинод ба муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов, Қирғизистон корҳои сохтмони роҳро бар асари муноқишаи мусаллаҳона дар марз мутаваққиф карданӣ нест.
Ба гуфтаи Мамитов, барои сохтмони минбаъдаи роҳ анҷом додани корҳои таркиш дар назар аст. «Мо ба қитъае расидем, ки он ҷо ба кӯмаки булдозеру экскаватор ниёзе нест. Тарконидани харсангҳо зарур аст», - иброз доштаст ӯ.
Муовини нахуствазири кишвари ҳамсоя ҳамчунин қайд кардааст, ки пас аз итмоми сохтмон, ин роҳ барои Қирғизистон ба артерияи нақлиётӣ табдил меёбад. «Аммо Тоҷикистон мухолиф хоҳад буд, зеро ба нафъи онҳост, ки агар шаҳрвандони мо равуо тариқи қаламрави онҳоро таваллову зора кунанд, вале мо равуои озодонаи шаҳрвандонамонро мехоҳем», - изҳор кардааст Мамитов.
ҚАблан иттилоъ дода будем, ки нимаи дуюми рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда Қирғизистон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик дар минтақаи баҳсноки марз дар самти Исфараро мутаваққиф сохт . Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара Фарҳод Сафаров хабар дода буд.
Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи оғози корҳои сохтмон дар роҳи зикршуда санаи 11-уми январ миёни марзбонони ҳарду кишвар муноқишаи мусаллахона рух дод, ки бар асари он ду марзбони тоҷик ва шаш марзбони кишвари ҳамсоя ҷароҳат бардоштанд.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста