Ҳафтаи оянда бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чун яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар кори конференсияи мазкур намояндагон аз Маҷлиси Олӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, мудофиа, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Гвардияи миллӣ, Хадамоти гумрук, раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ректорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва олимони шинохтаи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Гуфта мешавад, дар рафти конференсия мубодила ва музокираи афкор сурат гирифта, маърӯзачиён дар мавзӯъҳои проблемаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсон дар мурофиаи ҷиноятӣ, инчунин дуруст ва сари вақт ҳаллу фасл намудани онҳо баромад хоҳанд кард.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста