Сокини шаҳри Исфара, яке аз фаъолони ҳаракати тундгароии исломии «Ансорулллоҳ», ки фаъолияташ дар кишвар мамнӯъ эълон шудааст, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз соли 2009 Муҳаммадфозил Тошболтаеви 27-сола барои ба ҷанг алайҳи ҳукумати Башор Асад ба Сурия фиристодани бародари 23-солаааш Муҳаммадсолӣ ба ҳабс гирифта шуд.
Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, кит Муҳаммадсолӣ соли 2013 озими Сурия шуда, моҳи январи соли 2014 дар шаҳри Алеппо дар ҷанг муқоибли нерӯҳои ҳукуматӣ ҳалок шудааст.
«Замони муҳоҷират дар Маскав ҳабсшуда бо аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, сокинони шаҳри Исфара – бародари бузурги худ Муҳаммадкарим, Савриддин Ҷӯраев, Мансур Маҳкамов, Илёс Ҳомидов, Баҳодур Бобоев ва ҳамчунин амири «Аносруллоҳ» дар Маскав – сокини Исфара Мирзомаъруф Наҷмиддинов робитаи зич барқарор карда, бо онҳо нақшаҳои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун сохтани ҳукуматҳои дунявӣ дар кишварҳои минтақаи Осиё Марказиро омода мекардааст», - гуфт номбурда.
Дар идома ӯ зикр кард, ки соли гузашта ҳабсшуда Муҳаммадфозил Тошболтаев ба амири «Ансоруллоҳ» М.Наҷмиддинов савганди садоқат ёд карда, ба хотири вафодорӣ назди амир бародари хурдии худро ба ҷиҳоди Сурия равона кардааст. «Аксари сокинони шаҳри Исфараи дар боло зикршуда айни замон ба ҳабс гирифта шудаанд», - афзуд Ҷ.Садриддинов.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста