Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи муноқишаи рухдода рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳорот интишор намуд.
Дар иттилоияи ВКХ Қирғизистон дар ин робита изҳор мегардад, ки рӯзи 25-уми август, тақрибан соати 18-30 дар мавзеи Сой Қулундии ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон миёни хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон ва Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастааст.
«Ҳангоми кӯшиши пешгирии амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва боздоштани вайрон кардани пул, аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон ба сӯи хизматчиёни ҳарбии қирғиз аз силоҳ оташ кушода шуда, дар натиҷа миёни ҷонибҳо тирандозӣ сурат гирифт. Ғайр аз ин, дар ҷараёни тирандозии нимсоата дидбонгоҳи марзии «Қулунду» аз қаламрави Тоҷикистон мавриди тирандозӣ аз миномет қарор дода шуд», - қайд мешавад дар изҳорот.
Дар изҳорот гуфта мешавад, «дар ин робита аз ҷониби ВКХ Қирғизистон нотаи эътирозӣ омода ва таҳия гардида, ба ҷониби Тоҷикистон супурда шудааст, ки дар он ҷониби Қирғизистон аз ҳодисаи рухдода ташвиши зиёд изҳор намуда, Тоҷикистонро ба риояи бечуну чарои меъёр ва усулҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ даъват мекунад ва пешниҳод дорад, ки таъҷилан тафтиши муштараки ҳодиса доир гардида, ҳамаи шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва ҳамчунин амалҳои хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон, ки мухолифи тамоми созишҳои ҳосилшуда миёни ҷонибҳо мебошанд, шарҳу тавзеҳ дода шаванд».
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 25-уми август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд муноқишаи навбатии мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа аз захми тири марзбонони қирғиз шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Нуъмонҷон Набиев ва сардори гурӯҳи марзбонӣ дар ин қитъаи сарҳад капитан Азамат Азимов ба ҳалокат расиданд . Афсари ҳалокшуда ҷияни собиқ фармонеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов мебошад.
Дар беморхонаи ноҳия боз чор нафар маҷрӯҳон аз тири марзбонони қирғиз бистарианд. Як маҷрӯҳи ҷароҳаташ сабукро субҳи имрӯз аз беморхона рухсатӣ дода, вазъи яке аз захмгирифтагон вазнин боқӣ мемонад.
Бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд, муноқиша дар мавзеи Хоҷа Боқирғон, ки ҷониби Қирғизистон баҳри азсаргирии сохтмони пул аз болои рӯди ҳамноми ин мавзеъ талош варзидааст, ба вуқӯъ пайваста, лекин шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш кардаанд, ки ба оғози дубораи сохтмони пул монеъ шаванд.
Дар натиҷаи тирандозӣ аз ҷониби марзбонони қирғиз панҷ нафар сокинони деҳаи Қалъача захмӣ шуда, марзбонони тоҷики ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз силоҳи оташфишон истифода накардаанд.
Қобили зикр аст, ки нимаи аввали имрӯз ҳайати комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек сафар кард. Ба ҳайати комиссия роҳбарони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия ва ҳамчунин намояндагони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон шомил мебошанд. Зимни вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо бо ҷониби Қирғизистон масъалаҳои роҳ надодан ба рух додани муноқишаҳои мусаллаҳ дар марзи ҳарду кишвар ва суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ мешаванд.
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
“Озодӣ“, “1 май”... то “Дӯстӣ”. Майдони асосии Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Фейк | Маводи мухаддир бо номи “клубничный квик” дар мактабҳо
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пурсиши ориф аз кашиш”
Содироти мева аз Тоҷикистон афзуда, лекин фурӯши сабзавот ба хориҷа 2 баробар кам шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 феврали соли 2025
Нигоҳдории кадом чорво дар пойтахт манъ аст ва барои нақзи он чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
"Ба ин касб дил бастам”. Қиссаи ронандаи зеботарин автобуси Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста