Бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт будаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб машғулиятҳои амалии саҳроӣ аз рӯи омодагии сафарбарӣ доир шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар он беш аз 400 нафар аз ҷамоату деҳоти ин ноҳия иштироки фаъолона доштанд. Афсарони Раёсатҳои дахлдори Вазорати мудофиа ва Комиссариати ҳарбӣ ба шаҳрвандони дар эҳтиёт будаи ин ноҳия, ки бори нахуст ба ин ҷамъомад ҷалб гардида буданд, тарзи ба қисмҳо ҷудо намудану насб кардани яроқҳои оташфишон, нишон гирифтану тир кушодан ва усулҳои истифодаи онро дар шароити дашту кӯҳсор мавриди омӯзиш доданд.

Гуфта мешавад, дар навбати хеш иштирокчиёни машғулиятҳо саҳроӣ, аз яроқҳои оташфишони сабуки ҷангӣ истифода карда, ҳадафи ба ҷамъомад пешбинишударо амалӣ намуданд. Бо назардошти он, ки натиҷаи машғулиятҳои саҳроӣ қонеъкунанда буд, масъулини Вазорати мудофиа, ба сатҳи дониши аксари иштирокчиёни ҷамъомади омодагии сафарбарӣ баҳои баланд доданд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар доираи нақша чорабиниҳои пешбинишудаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва баҳри баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор доштаи шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ машғулиятҳои амалӣ саҳроӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.