Дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки масъулини Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати мудофиа ва бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баҳри пешгирӣ аз сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ дар яке аз қисмҳои низомии гарнизони Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар вохӯрии масъулини Коллегияи ҳарбии суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таълимгирандагони Мактаби прапоршикон ва афсарону сарбозони қисми низомии 08010-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа, вобаста ба таҷлили ҷашнҳои сатҳи давлатии дар пеш истода ва дигар масъалаҳое, ки ба фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ мансуб аст, ибрози назар карда шуд. Зимни баргузории чорабинӣ, масъулини соҳа вобаста ба дастовардҳои давлату ҳукумати кишвар сухан гуфта, изҳор доштанд, ки тинҷиву осудагӣ ва пойдории сохти конститутсионии кишвари азиз натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи суханрониҳо масъулини соҳа таваҷҷӯҳи ҳозиринро доир ба пешгирӣ аз амалҳои ғайриоинномавӣ ҷалб карда, риояи интизоми намунавиро дар рафти хизмати ҳарбӣ омили асосии пешрафти қисми низомӣ арзёбӣ намуданд. Илова бар ин, қайд карда шуд, ки рӯз то рӯз сатҳи хизмат дар сафи Артиши миллӣ хубтар гашта, барои беҳбуд бахшидан ба ин раванд аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешавад, то ҳар як хизматчии низомӣ софдилонаю содиқона ба халқу диёри хеш хизмат намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси нақша чорабиниҳои таҳияшудаи мақомотҳои дахлдори кишвар бо Вазорати мудофиаи мамлакат чунин вохӯриву мулоқотҳои судбахш дар арафаи ҷашнҳои миллию сиёсӣ бо хизматчиёни низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар минбаъд низ гузаронида хоҳад шуд.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста