Дар нишасти Созмони Адномаи Аталанткаи Шимолӣ (НАТО), ки имрӯз дар Уэлс ба кор шурӯъ мекунад, Тоҷикистонро сафири кишвар дар Брюссел Рустамҷон Солиев намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари департаменти итттилооти ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев хабар дод.

Қобили зикр аст, ки зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен санаи 10-уми апрели соли 2013 дар Брюссел дабири кулли созмон ба нақши Тоҷикистон дар кумаки амалӣ ба нерӯҳои эътилофии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар Афғонистон ва мусоидати фаъол ба эҳёи иқтисодиёту иҷтимоиёти ин кишвар баҳои баланд дода, давлати моро дар ин раванд «шарики боэътимоду устувори НАТО» номид.

«НАТО дар масири мусоидат ба эҳёи иқтисодиёту иқтимоиёти Афғонистон ва омодасозии кадрҳои низомӣ ва полиси афғон аз имконоти Тоҷикистон имрӯз ва пас аз соли 2014 низ васеъ истифода мекунад», - гуфта буд Андерс Фог Расмуссен.

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пайомадҳои хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, ки соли 2014 ба поён мерасад, изҳор дошта буд: «Вусъат додани робитаҳои иқтисодӣ дар минтақа ва ҷалби ҳарчӣ бештари Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ воситаи самарабахше дар масири сулҳсозӣ дар ин кишвар хоҳад буд».