Рӯзи 9-уми сентябри соли 2014 ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии муовини Вазири бехатарии ҷамъиятии ин кишвар ҷаноби Лю Янпи ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Бино ба иттилои маркази матуботи ВКД Тоҷикистон, меҳмононро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки ба туфайли кӯшишҳои роҳбарияти ду кишвар, ҳамчунин роҳбарияти Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва бехатарии ҷамъиятии Чин муносибатҳои дӯстонаи тарафайн густариш ёфта, хусусан ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва сепаратизм тақвият меёбанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор намуд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳои дуҷонибаро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, хатару таҳдидҳои ҷаҳони имрӯз боз ҳам пурзӯр намояд.
Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки баргузории ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе баҳри боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста