Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ изҳор намуд, ки Эрон ба дастгирии Тоҷикистон дар таъмини суботи амният дар кишар омода аст.

Сарвари давлати Эрон зикр кард, ки Осиёи Марказӣ «минтақаи хеле ҳассос» мебошад. «Мутаассифона, тайи моҳҳои ахир мо шоҳиди зуҳури таҳдидҳои нав ба субот ва амнияти минтақа гардидем ва мо эълом медорем, ки суботу амнияти Тоҷикистон суботу амнияти Эрон аст», - иброз дошт ӯ.

Президенти Эрон муҳимияти расидан ба сулҳу субот дар Афғонистонро, ки «таркиби васлкунанда» миёни Эрону Тоҷикистон асту бо мо «забону фарҳанг ва таъриху дини ягона дорад», таъкид дошт.