Имрӯз аз ҳодисаи фоҷеабори дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки бар асари ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиён ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ 25 нафар ва тибқи иттилои ғайррасмӣ, на камтар аз 40 тан сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд, чор сол пур шуд.
Он замон дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ иттилоъ дода буд, ки дар доираи амалиёти боздошту безарар гардонидани маҳбусони рӯзи 23-юми август аз тавқифгоҳи муваққатии КДАМ фирорнамуда қатори автомашинаҳо бо 75 нафар афсарону сарбозони нерӯҳои ҳукуматӣ ба водии Рашт раҳсипор шуда, дар дараи Камароб мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтанд.
Ҳукуматдорон тамоми масъулияти ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба дӯши гурӯҳҳои ҷангиёни собиқ қумондонҳои саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Мирзохӯҷа Аҳмадов, Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) вогузор намуданд.
Пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор дар минтақаи шимоли кишвар амалиёти махсуси густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ ҷиҳати аз ҷангиёни мухолиф озод кардани водии Рашт оғоз гардид.
Дар муддати якчанд моҳ ба нерӯҳои ҳукумат нобуд сохтани ҷангиёни ҷудогона муяссар шуд ва танҳо аввали соли 2011 Алӣ Бедакӣ бо ҷонибдоронаш ва моҳи апрели ҳамин сол Мулло Абдулло низ кушта шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ талафоти ҷонӣ доданд. Баъдтар Мирзохӯҷа Аҳмадов бо 11 нафар ҳаммаслакони худ ихтиёрӣ ба Раёсати ВКД Рашт ҳозир шуда, як миқдор аслиҳаи оташфишони худро таслим ва ба сафи ҷонибдорони ҳукумат пайвастанд.
То моҳи ноябри соли 2011 нисбати 28 тан аз сокинони водии Рашт, ки дар кумаку мусоидат ба гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар рӯйдодҳои соли 2010 дар водии Рашт гунаҳкор дониста шуданд, ҳукм содир гардид.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста