Санаи 30-юми октябри соли равон кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишонро ошкор намуданд.
Бино ба маълуомти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз шаҳрванд Файзиев Ҳазратқул, соли таваллудаш 1979, сокини ш. Душанбе 1-адад таппончаи тамғаи “Макаров”, соли бароришаш 1991 (коршоям) бо тирдон ва 1-адад тир дарёфт ва мусодира карда шуд.
Сокини шаҳри Душанбе Шарипов Амонуллоҳ Азамович соли таваллудаш 1975, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд бошад, дар хонаи истиқоматиаш аз дохили халтаи биринҷ 1-адад таппончаи тамғаи “Макаров”, силсилаи ИВ 2174 А, бе соли бароришро бо 5-дона тир дарёфт намуда, ба кормандони милитсия супоридааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ шаҳрванд Саидов Исмоилҷон, соли таваллудаш 1979 дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки номбурда силоҳи мазкурро соли 2008 дар ш. Норак аз “Ҷумъа” ном шахс дастрас намудааст. Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста