Аз 10 то 21 ноябри соли ҷорӣ дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг барои 20 нафар кормандони Дастгоҳи марказӣ ва Раёсатҳои минтақавӣ дар мавзӯи “Такмил додани муқовимати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар ба воситаи Хатсайри Шимолӣ” оғоз шуд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, тренинги мазкур дар доираи Лоиҳаи Шӯрои НАТО-Россия оид ба омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мегузарад ва аз ҷониби Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.
Дар доираи тренинг кормандони Агентӣ дар мавзӯъҳои баргузории чорабиниҳои гуногуни тактикӣ ва оперативӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар омӯзиш мегиранд, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳоро дар баргузории чорабиниҳои муштарак таҷриба мекунанд.
Тренинг аз ҷониби муаллимони Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Сибири Федератсияи Россия гузаронида мешавад.
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста