Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зимни баррасии як парвандаи ҷиноӣ ба гумони даст доштан дар узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ ва нияти иштирок кардан дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия 38 тан аз сокинони вилоят боздошт шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, зимни баррасии ин парванда, ки ҳанӯз 26-уми сентябр боз шудаву он замон 2 сокини вилоят, ки нияти ба «ҷиҳод» ба Сурия рафтанро доштанд, боздошт гардиданд. Сипас тибқи нишондоди онҳо, боз 8 нафари дигар ҳаммаслаконашон низ дастгир шуданд.
«Минбаъд боз 28 нафари дигар боздошт гардиданд, ки тибқи маълумоти мақомоти интизомӣ, узви созмонҳои ҷиноятпешаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва «Ҳаракати исломии Туркистон» мебошанд, ки онҳо низ нияти иштирок дар «ҷиҳод» дар Сурияро доштанд», - гуфтанд дар прокуратураи вилоят.
Зимнан зикр гардид, ки нисбати 38 нафар боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Қобили зикр аст, ки дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ нисбати 49 нафар сокинони вилояти Суғд, аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва ифротгаро 29 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ нисбати 22 нафар ҷиҳати баррасӣ ба судҳо ирсол шудааст. Миёни ин афрод 7 нафар ба узвият дар ташкилоти ҷиноятпешаи «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, 5 тан ба – «Ҳизб-ут Таҳрир», 24 нафар ба «Ҷамоати Ансоруллоҳ», 7 нафар ба – «Ҷабҳат-ун-нусра» гумонбар дониста шуда, боз 6 нафари дигар дар амалҳои ҷангӣ дар Сурия иштирок мекунанд.
Аз Театри миллӣ то чанд вазоратхона. Миллионҳо сомонии иловагии ҳукумат барои идомаи сохтмони чанд иншооти ҳукуматӣ
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар марказҳои савдои Душанбе бобати сарулибоси бегона
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2025
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста