Дар ҳудуди деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара 3 нафар ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯ қарордошта муайян ва безарар гардонида шуданд, - хабар дода мешавад дар сомонаи ВКД Тоҷикистон.

Дар бораи дигар ҷузъиёти аз байн бурдани ҷинояткорон маълумот дода нашудааст.

Рӯзи 29 июли соли 2018, соати 15.30-дақиқа, ҳангоми ҳаракати велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ронандаи нақлиёти ба тафтишот номаълум онҳоро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.

Дар натиҷаи ин ҳодиса 3 нафар хориҷиён дар ҷои ҳодиса ва 1 нафар дар беморхонаи ноҳияи Дангара ба ҳалокат расиданд. Ба 3 нафар шаҳрвандон, ки ҷароҳатҳои сабук гирифтанд кӯмаки тиббӣ ва рӯҳӣ-равонӣ расонида шуда истодааст.

Тафтишот аз рӯи ин ҳодисаро Прокуратураи генералии Тоҷикистон доир намуда, гурӯҳи тафтишотиро шахсан прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон роҳбарӣ мекунад.

Зимни нишасти матбуотии имрӯза вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор намуд, ки афроди мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта бо силоҳи оташфишон ё дигар навъи аслиҳа мусаллаҳ буда метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи мқсадҳои содир шудани ин ҷиноят маълумот дода намешавад. «Феълан фарзияҳои садамаи нақлиёт, ҳамла бо мақсади ғоратгарӣ ва қатл баррасӣ мешавад. Ҳамчунин фарзияи амали террористӣ низ аз эҳтимол дур нест», - гуфт Раҳимзода.

Бино ба гуфтаи сардухтури бемористони Данғара Хизматулло Шамсов, рӯзи 29 июл баъди ҳодиса ҷасади 4 нафар ҳалокшудагон оварда шуда, дар ҷисми онҳо осори зарбаҳо бо предмети нӯгтез дида мешуд. «Аз се нафар зиндамонда ҳам ду нафарашон захм бардошта буданд», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки субҳи рӯзи 30 июл ҷасадҳои кушташудагон ва сайёҳони захмишуда ба Душанбе фиристода шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.