Ҳукумати Русия дар ҳамдастӣ бо Вазорати мудофиаи ин кишвар нақшаи пардохти ҷубронпулиро барои ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон таҳия намуданд.

Аз ҳисоби пардохти маблағи иҷора ҷониби Русия  шаҳракҳои низомии озодшударо ба ихтиёри ҷумҳурӣ медиҳад, хабар медиҳад “Известия” бо истинод ба мақомоти низомӣ.

Бино ба маълумоти нашрия, ин шаҳракҳо соли 2004 баъди дивизияи тирандозии 201-умро то сатҳи пойгоҳ кам кардан озод шуданд. Он замон якчанд полку баталйонҳо барҳам дода шуда, ин шаҳракаҳо холӣ монда ё камтар аз сеяки қаламравашон дар истифода қарор дошт.

Шаҳраки ҳарбӣ дар Кӯлоб, ки артиши Русия онро соли 2015 тарк кард, ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад. Дар лоиҳаи қарор гуфта мешавад, ки созиши мазкур байни ҳукуматҳои кишварҳо ба сурати умум ҳанӯз соли 2012 ҳосил шуда буд. Аммо то ҳол амалӣ нагардида, айни замон ҷониби Русия дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон супурдани қаламрав ва амволи ғайриманқул пешниҳодҳо омода мекунад.

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба дархости нашрияи “Известия” шарҳи фаврӣ дода натавонистаанд.

Аз санад бармеояд, ки ба ҷуз пойгоҳ дар Кӯлоб, шаҳраки низомӣ дар шаҳри Бохтар низ ба ихтиёри Тоҷикистон дода мешавад.

Вазорати мудофиа тасмим гирифт, ки қаламрав ва амвол ба таври ройгон дода мешавад, то ки ба “ҷараёни гуфтушуниди дӯстона байни кишварҳо” монеъагузорӣ эҷод нагардад, гуфта мешавад дар санад. Ин ҳам дар ҳолест, ки да вақташ Тоҷикистон ин қитъаҳои заминро ройгон ба низомиёни Русия дода буд.

Дар санад махсус таъкид мешавад, ки талаби пардохти маблағ гузаштан ба муносибатҳои иҷораро тақозо мекунад, ки барои Русия фоидаовар нест: барои истифодаи қитъаҳои замин ва амволи ғайриманқул, ки пойгоҳи низомии 201-ум онҳоро дар ихтиёр дорад, ҳамасола пардохти наздики 6 млрд. рубл зарур аст.

Тибқи иттилои “Известия” дар шаҳри Кӯлоб се хобгоҳи афсарон, паркҳои низомӣ, бунгоҳи тиббӣ ва таъмин бо ғизо, дегхонаҳои гармкунӣ, бинои посбонҳо, анборҳо, бинои хадамоти алоқа, кӯдакистон, ҳавзи шиноварии кушод ва як қатор дигар иншоот бо шумули зерсохтор – қубурҳои таъмин бо газ, обу корез ва қубурҳои обгузар (водопровод) ва хатҳои интиқоли барқ ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад.

Asia-times.org

Дар қарор зикр мегардад, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба додани амволи ғайриманқул дар маҳалҳо комиссияи махсуси байниҳукуматӣ таъсис дода хоҳад шуд, ки ба ҳайати он намояндагони Русия ва Тоҷикистон шомил мешаванд. Ҳамаи иншоот баъди аз ҷониби тарафҳо ба имзо расидани санади қабулу супурдан ба ихтиёри тарафи дигар гузошта мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.