Аз таъсиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, ки яке аз воҳидҳои муҳими ВКД ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, 83 сол пур шуд.

БДА Тоҷикистон таърихи худро дошта, он аз замоне оғоз гардид, ки дар ҷумҳурӣ аввалин роҳи автомобилгард сохта шуд.

Баъди анҷоми сохтмони он воридшавии қатораҳои автомобилҳо ба ҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Бо гуззашти вақт шумори автомобилҳо дар кишвар афзуда, барои танзими ҳаракати онҳо зарурат пеш омад. Баъди 11 соли оғози бунёди аввалин роҳи автомобилгард - 3 марти соли 1936 мақоми махсус оид ба идоракунии ҳаракат дар роҳ назди Раёсати Комиссариати халқ (милитсия)-и Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) таъсис дода шуд.

Санаи 3 июли соли 1936 Оиннома “Дар бораи Бозрасии давлатии автомобилии Комиссариати халқи корҳои дохилии Иттиҳоди шӯравӣ” тасдиқ шуда, аз ҳамон замон 3 июл ҳамчунин Рӯзи таъсисёбии БДА ҷашн гирифта мешавад.

1/3

Хадамоти роҳбонии БДА низ таъсис ёфта, лекин қоидаҳои дақиқи ҳаракат дар роҳ мавҷуд набуд, аз ин рӯ, мутахассисон ба таҳияи лоиҳаи мазкур пардохтанд.

Пас аз омӯзиши ҳамаи вариантҳо соли 1940 бори нахуст дар Иттиҳоди Шӯравӣ маҷмӯаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ таҳия гардида, мутаносибан шумори кормандони БДА, аз ҷумла дар Тоҷикистони шӯравӣ низ афзуд.

Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, хадамоти БДА бо воситаҳои наву муосири техникӣ муҷаҳҳаз шуд. Моҳи ноябри оли 2013 дар пойтахти кишвар лоиҳаи “Шаҳри бехатар” мавриди амал қарор гирифта, садҳо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ кору амали сокинони шаҳр ва воситаҳои нақлиётро назорат мекунанд. Ба туфайли кори ин низом аллакай ҳазорон қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ  ва садҳо ҷиноят ошкор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.