Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мекунад.

“Ба  роҳу усули сиёсиву дипломатӣ ва дигар воситаҳои ғайринизомӣ афзалият дода мешавад”, - гуфтааст Зуҳуров имрӯз, 28-уми октябр дар Душанбе зимни ҷаласаи Машварати ҳамоҳангсози раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД).

Ӯ қайд кардааст, ки имконоти ҳарбии Тоҷикистон мувофиқи созишномаҳо бо Русия, аз ҷумла, ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум дар қаламрави кишвар, ҳамчунин қарордодҳо дар доираи ИДМ, СААД ва СҲШ дар бораи муқовимат бо таҳдиди беруна, тахрибкорӣ ва ҷинояткорӣ таъмин мешавад.

Ба сифати сарчашмаи асосии бесуботӣ, ба гуфтаи ӯ, минтақаи шимоли Афғонистон баррасӣ мешавад, ки ба эътидол овардани вазъи ҳарбиву сиёсӣ дар он бидуни иштироки ҷомеаи байнулмилалӣ ғайриимкон аст.

“Роҷеъ ба мавқеи Тоҷикистон нисбат ба вазъ дар Афғонистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон  дар мусоҳибаи муфассал бо “Ал-Ҷазира” 4-уми октябри соли равон ба таври возеҳу равшан баён кард, ки  «тақдири кишвар дар дасти мардуми Афғонистон аст ва онҳо ояндаи худро бояд муайян кунанд. Муноқишаи Афғонистон бояд танҳо тавассути музокироти сулҳомез ҳал шавад ва хуб мебуд, агар дар ҷараёни гуфтушунид байни ИМА ва ҳаракати “Толибон” ҳукумати Афғонистон нақши бештаре дошта, давлатҳои ҳамсоя бо ин кишвар ба ин раванд ҷалб шаванд”, - хотиррасон кардааст Шукурҷон Зуҳуров.

Зимнан таъкид шудааст, ки соли 2015 дар Тоҷикистон фаъолияти аҳзоби ифротгаро, ки хусусиятҳои тахрибкорӣ, ҷудоиандозӣ ва тундгароии динӣ доштанд, расман манъ шуд.

Зуҳуров зикр кардааст, ки солҳои охир дар натиҷаи фаъолияти муваффақонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоюли суст шудани ҷараёни гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути қаламрави Тоҷикистон ба назар мерасад.

“Ҳамин тавр, тӯли 5 сол шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои дигар барои қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд, беш аз ду маротиба ва миқдори маводи мухаддири мусодирашуда аз онҳо шаш маротиба кам шудааст”, - изҳор дошт ӯ.

Вай афзуд, ки вохӯрии имрӯза далели густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳои узви СААД мебошад, ки бо андешаи ягонае, ки имрӯзҳо чандин кишвари ҷаҳонро нигарон сохтааст, муттаҳид шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.