Дар Тоҷикистон нақшаи тирамоҳии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 89 дарсад иҷро шуда, то кунун вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъватро иҷро накардаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, вилояти Суғд давоми 20 рӯз 80 дарсад, вилояти Хатлон - 91 фоиз ва ноҳияиҳои тобеи ҷумҳурӣ бошанд, 92 % нақшаи даъвати шаҳрвандонро иҷро кардаанд.
- ВМКБ имсол, бори аввал дар рӯзи нахустини даъват аз иҷрои 103 дарсадии нақша хабар дода буд. Шаҳри Душанбе ҳам ба гуфтаи манбаъ, дар даҳрӯзаи аввал нақшаи даъватро 100 фоиз иҷро кардааст. То имрӯз наздик ба 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз иҷрои даъват гузориш пешниҳод намуданд, - мегӯяд манбаъ.
Сардори Маркази матбуоти вазорати дифоъ мегӯяд, ки сарфи назар аз ин ки, нақша пеш аз муҳлат иҷро мешавад, кори комиссияи даъват ду моҳ идома мекунад ва ҳоло барои пурра иҷро намудани нақша бештар аз як моҳ фурсат боқӣ аст.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ду моҳ - октябр ва ноябр ҷараён мегирад. Ҳамасола шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола ба хидмат даъват карда мешаванд.
Ба гуфтаи Маҳмадалиев, дар минтақаҳое, ки нақшаи даъват қабл аз муҳлат иҷро шуд, ҷавонон ихтиёрӣ ба хидмат рафтаанд.
Ҳамасола ҳангоми маъракаи даъват шаҳрвандон ва бархе Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳолатҳои даъвати иҷборӣ ё ба истилоҳи маъмул “облава” нигаронӣ мекунанд. Имсол низ дар бархе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ду мавриди “облава” расонаӣ шуд, ки яке аз онро Вазорати корҳои дохилӣ рад намуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тағйироти кадрии нахустин дар соли 2025. Раиси шаҳри Конибодом ва 5 шаҳру навоҳии дигар нав шуданд
“Депорт”-и панҷсолаи 18 ҳазор муҳоҷир аз Маскав дар соли гузашта
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2025
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста