Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши амнияти Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе нимаи дувуми имрӯз бо истифода аз силоҳи хидматияш даст ба худкушӣ задааст, хабар медиҳад як манбаъи "Азия-Плюс" дар фурудгоҳ.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рух додани ин ҳодисаро ба "Азия-Плюс" таъйид кард, вале гуфт онҳо ҷузъиёти ҳодисаро дар ихтиёр надоранд.
"Ба мо дар бораи ин ҳодиса як соат пеш хабар доданд. Он чӣ маълум аст, ин аст, ки Шерафган Хоҷақулови 38-сола, корманди бахши амнияти фурӯдгоҳ даст ба худкушӣ задааст. Ҷузъиётро мо дар ихтиёр надорем. Таҳқиқи ин гуна ҳаводис ба дӯши додситонӣ аст",-гуфтанд аз дафтари матбуоти ВКД.
Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Давлатов, тағои Шерафган Хоҷақулов, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, "хоҳарзодааш 9 моҳ боз маош нагирифта буд ва соати 13 ба бародараш паёмак фиристодааст, ки “омада, мурдаи маро аз фурудгоҳ баред”.
Наздикони Шерафган гуфтаанд, ӯ дар манзили иҷора мезист, се фарзанд дошт ва аз пули иҷора низ қарздор буд.
Умед Хоҷақулов, бародари марҳум низ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки "Шерафган аз ҳақи истифодаи манзили иҷора 14 ҳазор сомонӣ қарздор буд ва соҳибхона талаб кардааст, ки хонаро холӣ кунад".
Умед гуфтааст, ки бародараш баъд аз хизмати ҳарбӣ дар Бахши бехатарии Фурудгоҳ кор мекард, вале бо исрори батакрори ӯ роҳбарияти фурудгоҳ маошашро моҳҳо надодааст.
Масъулини Фурудгоҳи Душанбе то кунун дар мавриди ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.
Бародари Шерафган гуфтааст, ҷасадро ба ӯ нишон доданд ва ӯ "осори тирро дар дили бародараш мушоҳида кардааст". Гуфта мешавад ҷасади Шерафган Хоҷақулов дар бемористони Ёрии таъҷилии Душанбе аст ва баъди ташхис ба наздиконаш дода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тағйироти кадрии нахустин дар соли 2025. Раиси шаҳри Конибодом ва 5 шаҳру навоҳии дигар нав шуданд
“Депорт”-и панҷсолаи 18 ҳазор муҳоҷир аз Маскав дар соли гузашта
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2025
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста