Кормандони Хадамоти федералии амният (ХФА, ФСБ)-и Русия аз содир гардидани амалҳои террористӣ дар шаҳру вилояти Маскав, ки аз ҷониби аъзои бахши ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” омода мешуданд, пешгирӣ намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ХФА Русия.
“Аз ҷониби ХФА фаъолияти бахши байниминтақавии ташкилоти террористии фаъолияташ дар Русия манъшудаи “Давлати исломӣ” қатъ карда шуд, ки аъзои он дар минтақаи шаҳру вилояти Маскав амали террористӣ содир карданӣ буданд. Ҷалби аъзои нав ба сафҳои “Давлати исломӣ” ва маблағгузорӣ ба терроризм низ аз ҷумлаи ҳадафҳои фаъолияти бахш дониста мешавад”, - иттилоъ медиҳад ниҳоди мазкур.
Гуфта мешавад, дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозгардида дар бораи ҷинояти самти террористидошта дар қаламрави вилояти Владимир иштирокчии гурӯҳ, зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян ва боздошт шудааст.
Дар ҷараёни чорабиниҳои тафтишотӣ дар макони ҳузури исломгароёни тундгаро дастгоҳи худсохти тарканда, таркибҳои зарбазани он ва дигар предмету ашё ва ҳуҷҷатҳо дарёфту мусодира гардидаанд.
Дар навори видеои амалиёти махсуси кормандони ХФА-и Русия шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дида мешавад.
ХФА қайд мекунад, ки баргузории маҷмӯи амалҳои таъҷилии тафтишотӣ ва чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин маврид идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тағйироти кадрии нахустин дар соли 2025. Раиси шаҳри Конибодом ва 5 шаҳру навоҳии дигар нав шуданд
“Депорт”-и панҷсолаи 18 ҳазор муҳоҷир аз Маскав дар соли гузашта
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2025
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста