Фармондеҳи неруҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Александр Лапин бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт.
Ӯ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот масоили рӯзмарра ва муҳими ҳамкории дуҷониба, таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Фармондеҳи Ҳавза ҷараёни мусбатро дар ҳамкориҳои ҳавзаи ҳарбӣ бо Тоҷикистон дар муштарак тайёр кардани ҳайати шахсӣ ва воҳидҳо қайд кард. Шумори чорабиниҳои бузургмиқёси муштарак дар зарфи се сол қариб ду баробар – то 12 чорабинӣ зиёд шуд.
Гуфта мешавад, афсарони мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон маъмулан дар чорабиниҳои омодагии фаврӣ ва ҷангии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, инчунин ҷамъомадҳои фаврӣ-сафарбарии ҳайати роҳбарии ҳавза, машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ ва тамринҳо иштирок мекунанд.
“Сифати баргузории чорабиниҳо ба андӯхтани таҷрибаи бузург дар омодагӣ ва мураттабии мақомоти идоракунии ҳарбӣ, бурдани корҳои иктишофи ҳарбӣ, инчунин таҳияи тактикаи ягона бо назардошти таҷрибаи ҷангии дар Сурия гирифтаи низомиён имкон дод”, - иброз доштааст Лапин.
Гуфта мешавад, ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масоили таҳкими таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста