Рӯзҳои 20-22 майи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, давоми рӯзҳои 20-23 май дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Дар ҳамин иртибот КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ ба соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои об низ дар ин гуна рӯзҳои пурбориш маслиҳат нест.
Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, хоҳиш мекунад ҳаракат дар чунин роҳҳо дар шабонгаҳонро маҳдуд кунанд. Масофаи муқарраршударо зимни ҳаракат қатъиян риоя намоянд.
КҲФ бори дигар ба моҳигирон муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳилҳое, ки эҳтимоли туғёни об доранд, худдорӣ намоянд. Соҳили дарёҳо дар ин рӯзҳо боронӣ басо хатарноканд ва ин хатарҳо баногаҳ рух медиҳанд.
Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки аз фурсатҳои мусоид истифода намоянд ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахири КҲФ, бар асари офатҳои табиӣ, ки аввали моҳи май дар қаламрави ҷумҳурӣ рух доданд, 9 нафар ҳалок шуда, ҳадди ақалл дар 15 ноҳияи вилояти Хатлон ба манзили сокинон, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, заминҳои кишт, иншооти ёридиҳанда ва роҳу пулҳо зарари хеле зиёд расонида шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.