Нимаи моҳи октябр дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”, ки бевосита дар наздикии марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир аст, дар доираи чорабиниҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) якбора се тамрини низомӣ доир мегардад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, ин тамринҳо аз машқҳои воҳидҳои тадорукот ва роҳандозии иктишоф (разведка) “Поиск-2021”, воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии “Эшелон-2021” ва Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал - “Взаимодействие-2021” иборатанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин робита дар Душанбе зимни мулоқоти сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳ - муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода бо сардори ситоди Ҳавҳаии марказии ҳарбии Русия генерал-лейтенант Михаил Теплинский ҷараёни омодагӣ ба ин тамринҳо баррасӣ шуд.
Айни замон кишварҳои узви СААД муҳлати дақиқи баргузории тамринҳои зикршуда ва шумори неруву воситаҳои техникиро барои иштирок дар он мувофиқа мекунанд.
Дар ҷараёни тамрини махсуси “Эшелон-2021” санҷишу таҷрибаи масоили ташкили таъминоти моддиву техникии неруҳои дастаҷамъонаи СААД зимни омодагӣ ва иҷрои амалиёти муштарак мавриди озмоиш ва амал қарор мегирад.
Ҳадаф аз тамрини “Поиск-2021” (Ҷустуҷӯ-2021) санҷиш ва дар амал озмоиш кардани ташкил ва пешбурди корҳои иктишоф (разведка) бо неру ва воситаҳои мақомоти иқтишофии кишварҳои узви Созмон мебошад.
Дар доираи тамрини муштараки “Взаимодействие-2021” (Ҳамкории мутақобила) Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД масоили омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак оид ба пешгирӣ ва қатъи низои мусаллаҳонаи сарҳадиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди озмоишу амал қарор медиҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста