Пас аз 15 моҳи ҷанг, дирӯз, 19-уми январи соли равон созиши оташбас байни гурӯҳи фаластинии “ҲАМОС” ва Исроил ба иҷро даромад. Дар рӯзи нахустини иҷрои он, "ҲАМОС" 3 гаравгони исроилӣ ва Исроил 90 маҳбуси фаластиниро озод карданд. Ин оташбас дар 3 марҳила амалӣ мешавад.
Тавре хабаргузории BBC менависад, “ҲАМОС” се зани гаравгони исроилиро ба намояндагони Салиби Сурх супорид. Онҳо Роми Гонени 24 сола, Эмили Дамари 28 сола ва Дорон Штайнбрехери 31 сола мебошанд. Пас аз интиқол ба беморхонаи “Тел-Авив”, ин занон нахустин санҷишҳои тиббиро гузашта, сипас ба назди наздиконашон баргаштанд. Лаҳзаи озодшавии онҳо тавассути телевизионҳо пахш гардид ва наздикони гаравгонҳо ин равандро мустақим назорат краданд.
Ҳамзамон, тибқи шартҳои оташбас, Исроил муваззаф шуд, ки дар ивази ҳар як гаравгони озодшуда 30 маҳбуси фаластиниро озод кунад. Шаби гузашта 90 маҳбус, ки аксари онҳо занону наврасони то 18-сола буданд, аз зиндонҳои Исроил озод гардиданд.
Бояд гуфт, "ҲАМОС" ва Исроил рӯзи 15-уми январ бо миёнчигарии Қатар, Миср ва Амрико барои бастани созиши оташбас ба мувофиқа расиданд. Созишномаи оташбас аз се марҳила иборат аст. Дар марҳилаи якуми он, ки қарор аст 42 рӯз (6 ҳафта) давом кунад, бояд ивази гаравгонҳо сурат гирифта, сарбозони исроилӣ тадриҷан аз Навори Ғазза хориҷ шаванд ва ворид шудани ҳаҷми бештари кумакҳои башардӯстона ба ин қаламрав иҷоза дода шавад.
Омезиши шодӣ ва ноумедӣ
Ба навиштаи ВВС, барои фаластиниён рӯзи аввали оташбас ҳам лаҳзаҳои шодӣ ва ҳам ноумедиро бо худ овард. Бисёриҳо пас аз моҳҳо зиндагӣ дар муҳосира иҷозат пайдо карданд, ки ба манзилҳои худ баргарданд.
Аммо бозгашт ба манзилҳо барои бисёре аз онҳо танҳо рӯёрӯӣ бо харобаҳо буд. Дар урдугоҳи Ҷабалия, ки яке аз бузургтарин урдугоҳҳои паноҳҷӯён дар Ғазза аст, бисёри хонаҳо комилан хароб шудаанд.
Даъа Халидӣ, як сокини 28-солаи Ҷабалия, ба ВВС гуфтааст, “бо ду духтарам зинда мондам, вале манзили мо пурра фурӯ рехт, шавҳар хушдоман ва хоҳаршӯям зери харобаҳо ҷон доданд... Ҳоло ман танҳо мехоҳам, ки ҷасади онҳоро ёфта ва бо эҳтиром дафн кунам”.
Кӯмакҳои башардӯстона ва вокунишҳо
Раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз оғози иҷрои созиши “Ҳамос” ва Исроил истиқбол карда, гуфтааст, “ҲАМОС” пас аз анҷоми ин тавофуқ дигар дар Навори Ғазза қудрат нахоҳад дошт, ҳарчанд дар тавофуқнома дар бораи он чизе гуфта нашудааст”.
Аз оташбас ва раҳоии гаравгонҳо низ аз сӯи Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ истиқбол шуд ва ӯ таъкид кардааст, ки ин тавофуқ бояд интиқоли кумакҳои башардӯстона ба сокинони Навори Ғаззаро, ки шадидан ба он ниёз доранд, осон кунад.
Намояндаи ҷиноҳи низомии “ҲАМОС” Абу Убайда пас аз раҳоии гаравгонҳо дар байни фаластиниён суханронӣ карда, итминон додааст, ки агар Исроил онро риоя кунад, ин гурӯҳ низ ба созишнома пойбанд мемонад.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, то ба ҳол изҳороте надодааст. Дафтари матбуоти нахуствазири Исроил хабар дод, ки Нетаняҳу хабари озодии гаравгонҳоро хуш истиқбол карда, ҳама фаластиниёнро ба ватан хондааст.
Бо оғози оташбас, Созмони Милали Муттаҳид фиристодани 600 мошини кӯмаки башардӯстонаро ба Ғазза шурӯъ кардааст. Ин кӯмакҳо, ки дорои маводи ғизоӣ ва ашёи аввалиндараҷа мебошанд, барои беш аз 2 миллион сокинони Ғазза, ки ба сабаби муҳосира вазъи ниҳоят душворро паси сар мекунанд, дастрас мешаванд.
Ёдрас мешавем, низоъ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни гуруҳи "ҲАМОС" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 нафар кушта ва 250 кас гаравгон гирифта шуд.
Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум кард ва наворро бомборон кард. Дар пайи ин ҳамал, то имрӯз беш аз 47 ҳазор кас кушта ва 90% аҳолии ин минтақа овора шудаанд. Аксар кушташудаҳо занон ва кӯдакон мебошанд.