Баъди муноқишаи хонандагони мактаб дар деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон бегоҳии 24 сентябр занони тоҷик ва қирғиз ба ҳам вохӯрда хостори сулҳ тва оштӣ шуданд.
Яке аз занони фаъоли ҷамоати Чоркӯҳ Восидахон Ҷалолова, ки дар мулоқот ширкат дошт, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар вохӯрӣ ҳудуди 100 нафар занон аз ҳарду кишвар ширкат намуданд ва ба хулосае омданд, ки аз ҳисоби намояндагони ҳарду кишвар Кумитаи занони фаъол ташкил гардад.
“Занони қирғиз пешниҳод карданд, ки ба ҳамдигар нафрат накунем, чун тоҷику қирғиз дар ин деҳа аз як кӯча мегузаранд. Бачаҳоро тарбия кунем ва байнашон дигар ҷангу нофаҳмӣ нашавад. Мо ҳам ба онҳо гуфтем, шумо низ бачаҳоро тарбия кунед, дигар нофаҳмиву занозанӣ накунанд, ба касе фоида намеорад”, - гуфт Ҷалолова.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардаст, ки Кумитаи занони фаъоли дар шумули панҷ нафарӣ аз ду ҷониб ташкил гардад.
“Мақсад ин аст, ки баъзе муаммоҳоро шинему ҳамҷоя ҳал кунем. Эҳтимол аз рӯзи душанбе ин гурӯҳ сари музокирот менишинанд ва муаммоҳоро баррасӣ мекунем”, - илова кард ӯ.
“Пеши роҳи хонандаҳоро гирифта заданд”
Занозании хонандагони тоҷику қирғиз, ки нимаи рӯзи 24-уми сентябр рух дод аз ду ҷониб чанд нафарӣ захмӣ ба ҷой гузошта то ба сангандозӣ кашида шудааст.
Камолиддин Собиров, директори мактаби рақами 64- и деҳаи Сомониён гуфт, тақрибан соатҳои 12:00, вақте хонандагони тоҷик барои басти дуюми таҳсил ба мактаб меомаданд, хонандагони қирғиз ба онҳо ҳамла кардаанд.
Ӯ гуфт вақте хонандагони синфҳои 10-11 тоҷик ба онҳо посухи ҷавобӣ медиҳанд қирғизҳои калонсол низ ба занозанӣ ҳамроҳ шуда, ба сӯйи духтарону писарон сангандозӣ кардаанд.
“Дар натиҷа, ду хонандаи тоҷик Орипов Шукрулло ва Маҳкамов Ривоҷиддин ҷароҳат бардоштанд. Вақте сокини 31 солаи деҳаи Сомониён Ҷӯрабек Насриддинов мехоҳад муноқишаро ором кунад, ӯро ҳам ҳамроҳи зан ва ду фарзандаш дар хонааш латукӯб мекунанд. Дар натиҷа, ҳамлаи қирғизҳо ӯ аз сараш осеб гирифта, бинияш шикастааст ва ҳоло дар беморхона ҳамроҳи фарзандонаш бистарӣ мебошад, - гуфт директори мактаб.
Баъди ин ҳодиса, нисфирӯзии 23-уми сентябр ҳокими вилояти Бодканди Қирғизистон Учкунбек Жоробаев бо раиси шаҳри Исфараи Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзода дар хатти марзии деҳаи Оқсой мулоқот карданд. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол расман дар ин бора чизе нагуфтааст. Аммо ба иттилоъи хабаргузории қирғизии Turmush дар ин мулоқот ҷонибҳо вазъи иҷтимоию сиёсии минтақаҳои наздисарҳадӣ ва масъалаҳои пешгирии низоъро баррасӣ кардаанд.
Тағйироти кадрии нахустин дар соли 2025. Раиси шаҳри Конибодом ва 5 шаҳру навоҳии дигар нав шуданд
“Депорт”-и панҷсолаи 18 ҳазор муҳоҷир аз Маскав дар соли гузашта
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2025
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста